Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Мартиника

Партияи Коммунистии Мартиника

Партияи Коммунистии Мартиника (ПКМ), соли 1920 дар Мартиника аз тарафи коммунистон аввалин гурӯҳҳои коммунистӣ ташкил карда шуд; соли 1936 Федератсияи мартиникавии Партияи Коммунистии Мартиника ПКФ расмият ёфт. Соли 1957 ин Федератсия ба Партияя Коммунистии Мартиника табдил дода шуд, ки он ибтидои солҳои 60— яке аз партияҳои асосии Мартиника гардид. Партияи Коммунистии Мартиника ПКМ шароити хоси тараққиёти таърихии Мартиникаро ба назари эътибор гирифта, дар ҳуҷҷатҳои программавии худ барпо намудани фронти васеи зиддимустамликавиро наздиктарин вазифаи худ эълон кард, то ки дар Мартиника дар баробари мавҷудияти алоқаҳои иқтисодӣ ва маданӣ бо Франсия ҳокимияти автономии демократӣ барқарор карда шавад. Ҳайатҳои вакилони  Партияи Коммунистии Мартиника ПКМ дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1960, 1969, Москва) иштирок карданд.

Партияи Коммунистии Мартиника ПКМ дар асоои принсипи сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Мартиника ПКМ съезд аст. Съезд Комитети Марказӣ интихоб мекунад, ки аз ҳайати вай Бюрои сиёсӣ ва Котибот ҷудо интихоб мешаванд. Котиби генералии Партияи Коммунистии Мартиника ПКМ А. Никола, органи марказиаш—газетаи ҳафтаинаи «Жюстис».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …