Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Куба

Партияи Коммунистии Куба

Партияи Коммунистии Куба (ПКК), августи 1925 дар натиҷаи мугттаҳидшавии кружокҳои коммунистӣ таъсис ёфт. Асосгузорони партия К. Балнньо ва X. А. Мелья буданд. Солҳои 1928—38 Партияи Коммунистии Куба ПКК дар пинҳонкорӣ буд. Соли 1939Партияи Коммунистии Куба ПКК дар Ас-самблеяи муассисон 6 ҷой гирифт. Соли 1940 Партияи Коммунистии КубаПКК ва Иттифоқи револютсионӣ муттаҳид шуда, Иттифоқи револютсиони-коммунистӣ ном гирифтанд. Соли 1944 ин партия Партияи халқии сотсиалистни Куба (ПХСК) номида шуд. Солҳои 1940—52 Партияи халқии сотсиалистни Куба ПХСК дар конгресс, 1943—44 дар ҳайати ҳукумат намояндагони худро дошт.

Баъди табаддулоти давлатӣ ва барқарор шудани режими диктатории Ф. Батиста Партияи халқии сотсиалистии Куба ПХСК барои муттаҳид кардани тамоми кувваҳои ба ҳукумат муқобил кӯшид ва оммаро ба муборизаи зидди диктатура сафарбар намуд. Соли 1953 фаъолияти партия манъ карда шуд. Дар рафти вусъати муборизаи мусаллаҳонаи зидди режими; Батиста (аз соли 1953) Партияи халқии сотсиалистни Куба ПХСК шӯришгаронро тарафдорӣ намуд. Дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Куба (1959) ва дигаргунсозиҳои қатъии сиёсӣ ва иқтисодию ифтимоие, ки барои ба роҳи сотсиалистӣ даромадани Куба кӯмак расонданд, заминаи ташкил кардани партияи ягонаи револютсионии халқи Куба ба вуҷуд омад. Миёнаҳои соли 1961 Партияи халқии сотсиалистии Куба ПХСК ва ташкилотҳои ватанпарвари «Ҳаракати револютсионии 26 июл” ва Директорати револютсионие, ки дар рафти муборизаи зидди режими диктатор ташкил ёфта буданд, 13 март Ташкилотҳои муттаҳидаи револютсиониро барпо намуданд, ки онҳо солҳои 1962— 63 ба Партияи ягонаи сотсиалистии револютсионии Куба табдил дода шуданд.

Соли 1965 ин партия Партияи Коммунистии Куба (ПКК) номида шуд. Органхои рохбарикунанда — Комитети Марказӣ, Бюрои сиёсӣ, Котибот ташкил гардиданд. Декабри 1975 Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Куба ПКК ҷамъ омад. Съезд Программа ва Устави партияро тасдиқ кард, масъа-лаҳои сохтмони сотсиалистии мамлакатро муҳокима, лоиҳаи конститутсияи республика, планҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакатро барои солҳои 1976—80, таклифҳоро оид ба ҷорӣ намудани тақсимоти нави маъмурии мамлакат тасдиқ намуд. Партия дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ, ки он Бюрои сиёси ва Котиботро интихоб мукунад. Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Куба ПКК —Ф. Кастро Рус. Органи марказии Партияи Коммунистии Куба ПКК-газетаи «Гранма».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …