Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ (КПСС), аз тарафи Владимир Илич Ленин хамчун партияи револютсионии марксистии пролетариати Россия таъсис дода шудааст; Коммунистическая Партия Советского Союза халқҳои Россияро аз се револютсия гузаронид, Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС чун партияи синфи коргар баъди сохтмони Чамъияти мутараққии сотсиалистӣ, дар натиҷаи мустаҳкам шудани ягонагии иҷтимоӣ ва ғоявию сиёсии чамъияти советӣ партияи тамоми халқи советӣ гардид.

«Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ авангарди ҷанговари санҷидашудаи халқи советӣ мебошад, ки қисми пешқадам, бошууртарини синфи коргар, деҳоқонони колхозӣ ва интеллигенсиияи СССР -ро дар асосҳои ихтиёрӣ муттаҳид менамояд… Партия барои халқ вуҷуд дорад ва ба халқ хизмат мекунад. Вай шакли олии ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ, қувваи роҳбар ва роҳнамои ҷамъияти советӣ мебошад… Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ қисми ҷудонашаванда ва таркибии ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ва коргарӣ мебошад».

(Материалҳои съезди XXIV Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, 1972, саҳифаи. 216-217.)

 

Мақсади асосии фаъолияти Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС сохтмони коммунизм аст. Асоси ғоявии Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, кисман аъзоёни онро дар иттифоқи ҷанговаронаи ҳамфирон — коммунистон муттаҳидд менамояд, марксизм-ленинизм мебошад.

Партия таълимоти марксистӣ-лениниро эчодкорона инкишоф дода, вазифаи ва роҳҳои иҷрои онҳоро дар ҳар як давраи таърихӣ дар Программаҳои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва дигар ҳуҷҷатхои партиявӣ муайян мекунад. Программаи хозираи Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар Съезди 22-юми партия 31-октябр 1961 қабул шудааст. Принсипи рохбарикунандаи сохти ташкилӣ в а фаъолияти Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС сентрализми демократӣ мебошад, ки дар Устави Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС сабт шудааст. Устави ҳозираи Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар Съезди 22-юми партия қабул шуда, қисман дар съездҳои 23-юм (1966) ва 24-уми (1971) Партияи Коммунистии Иттифоҷи Советӣ( Коммунистическая Партия Советского Союза) КПСС тағйир дода шудааст.

Партия аз рӯзи ташкилшавиаш (1898) ба худ чунин номҳоро гирифт: Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии Россия (РСДРП), аз соли 1917 — Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии (большевикони) Россия

—РСДРП (б), аз РКП(б) — Партияи Коммунистии (болшевикони) Россия

—РКП (б), аз 1925 — Партияи Коммунистии (болшевикони) Умумииттифоқ, — ВКП (б), аз 1952, инҷониб Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ (КПСС) номида мешавад.

Соли 1983 Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар саф.\ои худ зиёда аз 18 миллион коммунист дошт. Аъзоёни Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба. 403 090 ташкилоти ибтидоии партиявӣ дохил мешаванд, ки онҳоро 2870 ташкилоти ибтидоии хоҷагии қишлоқ ва 605 комитета партаявии районҳои шаҳр, 847 комитети шаҳрӣ, 10 комитети округи партиявӣ, 149 комитети вилоятии партиявӣ, 6 комитети кишварии партиявӣ, 14 Комитети Марказӣ партиҳои коммунистии республикаҳои иттифоқӣ муттаҳид мекунанд.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС роҳи бузург ва пуршараферо аз кружокҳои нахустини марксистии пинҳонкор солҳои 80 асри 19 пайдо шудаанд то ба партияи бисёрмиллиона тай намудааст. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар давраи мавчудияти худ мувофиқи вазифаҳои конкретии таърихӣ стратегия ва тактика, шаклҳои ташкилӣ ва тарзу усулҳои муборизаро тағйир медод, дар муборизаи револютсионии синфи коргар ва деҳқонони меҳнаткаш бар зидди саризм ва капитализм, дар муборизаи зидди партияҳои майдабуржуазӣ — эсерҳо меншевикон ва ғайра обут об ёфт; вай бар зидди идеологияи буржуазӣ, оппортунизм (троскизм, майлони рост

ва ғайра) дар дохили харакати коргарии Россия ва байналхалқӣ, ревизионизм ва догматизм ҳамеша суботкорова мубориза мебурд ва мебарад.

Партия ба синфи коргар ва тамоми меҳнаткашон роҳбарӣ карда, вазифаҳои оламшумули таърихиро иҷро кард: ҳукмронии истисморгарон сарнагун карда шуд, диктатураи пролетариат дар Россия барқарор гардид, сотсиализми мутараққӣ сохта шуд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС мло дар шароити со-циализми мутараккн ба сохтмони коммунизм дар мамлакати Советй сарварй мекунад.

Ташкил ёфтани Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ҳамчун партияи собитқадами револютсионии пролетарии типи нав дар рафти ҳаракати инкишофёбандаи коргарӣ просесси қонунӣ ва таърихан зарур буд. Россия маркази зиддиятҳои империализми чаҳонӣ, маркази зулму истибдоди капиталистӣ, помешикӣ ва миллӣ буд, пролетариати Россия ба мавкеъҳои пеқадамтарини ҳаракати коргарии байналхалкқӣ баромад. Россия ватани ленинизм гардид. Партияи ленинӣ дар асоси анъанаҳои бойтарини револютсионии марҳалаҳои пештараи ҳаракати озодихоҳии Россия, таҷрибаи ҳаракати коргарии Россия ва чаҳониро чамъбаст ва истифода кард. Ва сотсиал-демократияи Россия чун ҷараёни идеявӣ гурӯҳи «Озодкунии мехнат» (1883) бо сардории Г. В. Плеханов ибтидо гузошт. Нахустин ҷанини партияе, ки ба омма, ҳаракати коргарӣ такя мекард, «Иттифоқҳои мубориза барои озод кардани синфи коргар» буд, ки онро Владимир Илич  Ленин дар Петербург таъсис дода буд. Партия дар Съезди 1-уми Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии Россия РСДРП соли 1898 эълон карда шуд. Аммо барои барпо кардани партияи ҳақиқатан револютсионии марксистии синфи коргар саъю кӯшиши бузурги Владимир  Илич Ленин, ҳамсафону ва коргарони пешқадами России лозим шуд, Мувофиқи плани коркарда баромадаи Владимир Илич Ленин дар Съезди 2-юми Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии Россия РСДРП (1903) партияи болшевикӣ, партияи пролетарии типи нав ба вуҷуд омад. Партия Устав ва Программа қабул намуд, ки он фарқан аз программаҳои партиями сотсиал-демократии Ғарб дар назди худ вазифаи барқарор намудани диктатураи пролетариатро гузошт. Соли 1904 Владимир Илич Ленин навишта буд: «Пролетариат дар мубориза барои ба даст овардани ҳокимият ғайр аз ташкилот аслиҳаи дигаре надорад… Пролетариат… фақат дар натиҷаи он ки иттиҳоди идеявии ба принсипҳои марксизм асосёфтаи вай ба воситаи ягонагии материалии ташкилот мустаҳкам мешавад, ташкилоте, ки (миллионҳо меҳнаткашонро дар армияи синфи коргар муттаҳид менамояд,— фақат дар натиҷаи ҳамин пролетариат метавонад қувваи мағлубнашаванда гардад ва ногузир ҳамин гуна қувва

хоҳад шуд. Дар пеши ин армия на ҳокимияти фарсудашудаи мутлақияти рус ва на ҳокимияти фарсудашудаистодаи капитали байналхалқӣ истодагӣ карда наметавонанд» (Асос, ҷилди. 7, саҳифаи 449—450).

Дар рафти Револютсияи солҳои 1905—07 дар Россия доҳии партия Ленин хусусиятҳои революютсияи буржуазӣ-демомратиро дар давраи империализм кушод ва нишон дод, ки ҳарчанд ин револютсия аа ҷиҳати мазмун револютсияи буржуазӣ бошад ҳам, гегемони он пролетариат аст, на буржуазия (меншевикон револютсияи Россияро ба револютсияи буржуазии Ғарб монанд карда, буржуазияро қувваи ҳаракатдиҳандаи он меҳисобиданд); Ленин қайд намуд, ки хусусияти ба худ хоси (миллии револютсияи буржуазӣ-демократии Россия зарурати ҳалли масъалаи аграрӣ мебошад. Вай исбот кард, ки иттифоқчии пролетариат дар муборизаи зидди саризм деҳқонон мебошанд, воситаи асосии мубориза шӯриши мусаллаҳона аст. Ленин назарияи ба револютсияи сотсиалистӣ сабзида расидани револютсияи буржуазӣ-демократиро кор карда баромад.

Вазифаи асосии партия дар давраи мубориза барои ғалабаи револютсияи буржуазӣ-демократӣ аз он иборат буд, ки гегемонияи пролетариат таъмия карда шуда, деҳқонон ва халқҳои мазлуми миллатҳои кишвар ба тарафи вай ҷалб карда шаванд. Партия, ки бо таълимоти марксистӣ-ленинӣ мусаллаҳ, ва бо оммаҳо алокаманд буд, санъати бевосита дар револютсия ба онҳо роҳбарӣ карданро аз худ менамуд, роҳҳои бо мутлақият рӯйрост ҷангиданро меомӯхт.

Баъди шикасти револютсия, дар давраи реаксия, вақте ки ҳамаи дигар партияҳои ба саризм муқобил рӯҳафтода шуда буданд, болшевикон кори легалӣ ва ғайрилегалиро моҳирояа ба ҳам пайваста ва алоқаи худро бо оммаҳо нигоҳ, доштанд ва мустаҳкам намуданд. Партия ба ҳамаи отрядҳои миллии пролетариати Россия роҳбарӣ карда, дар солҳои болоравии нави револютсионии солҳои 1910—14 программаи миллии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС-ро кор карда баромад, ки онро Ленин аз ҷихати илмӣ асоснок намуд. Партия дар солҳои Ҷанги якуми ҶАҲОНӢ(1914-18), дар шароити авҷи шовинизм дар таҳти байрақи интернатсионализми пролетарӣ ба муқобили ҷанги империалистӣ баромад. Партия программаи оид ба масъалаҳои ҷанг, сулҳ ва револютсияро кор карда баромад, болшевикон дар шароити мураккабтарин ба оммаҳо мефаҳмонданд, ки танҳо бо роҳи револютсия, бо роҳи ҷанги империалисттиро ба ҷанги гражданӣ табдил додан аз ҷанг барамадан мумкин аст. Партия шароити объективӣ ва омилҳои субъективиро ба назар гирифта, пролетариати Россияро дар иттифоқ, бо деҳқонон ба амалиётҳои қатьии

револютсиони тайёр кард, ки сарнагун кардални мутлақият дар рафти револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 натиҷаи ин амалиётҳо буд.

Ленин дар Тезиҳои апрелии худ роҳи партияро ба мубориза барои бо роҳи осоишта ба револютсияи сотсиалистӣ сабзида расидани револютсияи буржуазӣ-демократӣ муайян намуд, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи револютсия — синфи коргар ва деҳқонони камбағалтаринро нишон дод, шиори «Ҳамаи хокимият ба Советҳо», идеяи Республикаи Советҳоро ҳамчун шакли сиёсии диктатураи пролетариат ба миён гузошт: зарурати Партияи коммунистӣ номида шудани партияро асоснок намуд. Баъди он ки қувваҳои реаксия инкишофи осоиштаи револютсияро вайрон карданд, партия оммаро ба шӯриши мусаллаҳона сафарбар кард. Болшевикон ҳаракаати умумидемократиро баҳри сулҳ, ҷанги деҳқононро барои замин, ҳа-ракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои мазлумро’ бо муборизаи коргарон баҳри револютсияи оотсиалистӣ ба маҷрои умумии револютсионӣ равона мекарданд.

Ба туфайли Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр диктатураи пролетариат, ҳокимияти ҳақиқатан халқии советӣ барқарор гардид. Партия партияи ҳукмрон—қувваи роҳбарикунандаи давлати сотсиалистӣ гардид, ки он дар иттифоки синфи коргар бо деҳқонони меҳнаткаш асос ёфтааст. Декретҳои Хокимияти Советӣ ба ҳалли вазифаҳои дар Программаи партия нишондодашуда равон карда шуда буданд. Аз ҷумла «Декларасияи ҳуқуқҳои халқҳои Россия» инкишофи озодона ва баробарҳуқуқии комили ҳамаи халқҳои Роосияро муқаррар намуд. Программаи соли 1903 қабул кардашудаи партия иҷро гардид. Партия аз кори давҳам шикаст ани сохти кӯҳнаи истисморгар ба ҳалли вазифаи мушкилтару мураккабтар — барпо намудани сохти нави ҷамъиятӣ гузашт. Ленин марти соли 1918 гуфта буд: «Дигаргунсозиҳои сотсиалистиро сар карда истода, мо бояд дар пеши худ мақсадеро, ки ин дигаргунсозиҳо, ниҳоят, ба он нигаронида шудаанд, яъне мақсади барпо кардани ҷамъияти коммунистиро равшан гузорем». (Асос, ҷилди. 27, саҳифаи 123). Съезди 8-уми Партияи Коммунистии (болшевикони) Россия РКП (б) (1919) Программаи нав қабул намуд, ки он фаъолияти партияро дар давраи аз капитализм ба сотсиализм гузаштан муайян кард.

Дар солҳои ҷанги гражданӣ ва интервенсияи ҳарбӣ (1918—20) партия халқро ба муқобили контрреволютсияи байналхалкӣ ва дохилӣ бархезонд ва бо роҳбарии вай душманони сершумор торумор карда шуданд. Дар рафти револютсия ва ҷанги гражданӣ ҳамаи дигар партияҳои сиёсӣ боварии халқро тамоман аз даст доданд ва аз арсаи сиёсӣ абадан дур шуданд. Дар натиҷаи шаро-ити конкретии таърихӣ дар мамлакат системаи яккапартиявӣ муқаррар гардид.

Владимир Илич Ленин дар асоси он, ки дар Мамлакати Советӣ барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистии комил ҳамаи чизи зарурӣ мавҷуд аст, плани сохтмони сотсиалистиро (индустрикунонии мамлаокат, кооперативонии хоҷа-гиҳои яккадасти деҳҷонои, револютсияи маданӣ, -ҳалли масъалаи миллӣ) кор карда баромад, ки он барои аз навсозии револютсионии ҷамъият дастур гардид. Владимир Илич Ленин нишон дод, ки мустаҳкам намудани иттфоқи сиёсӣ ва иқтисодии синфи коргар ва деҳқонон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар рафти сохтмони сотсиалистӣ, ки аз рӯзҳои аввали баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Октябр вусъат ёфт партия ҳамаи гурӯҳҳои оппортунистиеро, ки ба сохтмони сотсиализм дар СССР муҷобил мебаромаданд, торумор намуда, ягонагии идеявӣ ва ташкилии сафҳои худро нигоҳ дошт ва мустаҳкам намуд, ба амал баровардани роҳи генералии партияро, ки ба сохтмони сотсиализм нигаронида шуда буд, таъмин кард. Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди азими партия ва халқ масъалаҳои дорои аҳамияти оламшумули таърихӣ ҳал карда шуданд. Индустриякунонии сотсиалистӣ ба амал бароварда шуд, ки дар асоси он ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо суръат тараққӣ мекарданд. Дар таҳти роҳбарии партия вазифаи му-раккабтарини азнавсозии сотсиалистии хоҷагии  қишлоқ (‘коллективонии хоҷагии қишлоқ) дар асоси плани кооперативии Владимир Илич Ленин ҳал карда шуд, ки он дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тамоми тарзи ҳаёти деҳқон револютсия буд. Дар асоси коллективонии саросар кулакҳо ҳамчун синф нест карда шуданд. Ҳамаи синфхои истисморгар ва заминаи ба вуҷуд оварандаи истисмори одам аз тарафи одам — моликити хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот барҳам дода шуданд. Дар СССР револютсияи маданӣ ба амал оварда мешуд. Бесаводи барҳам дода шуд, интеллигеятсияи меҳнатӣ тарбия ёфт, идеологияи марксистӣ-ленинӣ ҷаҳоибинии омма гардид; маданияти ҳақиқатан халқӣ, сотсиалистӣ ба вуҷуд оварда шуд. Умумияти манфиатҳои куллии синфи коргар, деҳқонони колхозӣ ва интеллигенсияи меҳнатӣ чунин ягонагии идеявӣ ва сиёсии ҷамъияти советиро ба вуҷуд овард, ки мислаш пеш дида нашуда буд. Музаффарияти бузургтарини сотсиализм ҳалли масъалаи миллӣ дар СССР буд, ки он баробарҳуқуқии пурраи сиёсии халқҳо, барҳам додани нобаробарии иқтисодӣ ва мадании онҳоро, ки аз замони гузашта мерос монда буд, таъмин намуд. Бисёр халқҳои дар гузашта қафомонда давраи тараққиёти капитализмро аз сар нагузаронида, ба сотсиализм омада расиданд. Ғалабаи сотсиализм дар СССР корнамоии бузурги партия ва халки советӣ, музаффарияти идеяҳои ҷовиди марксизм-ленинизм буд. Съезди 18-ум ВКП (б) (1938) қайд намуд, ки сотсиализм дар СССР асосан сохта шуд.

Сохти советии сотсиалистӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945) аз санҷиши сахттарин гузашт. 60%’ ҳамаи аъзоёни партия дар фронтҳо чангиданд, 3 миллион нафар коммунистон дар задухурдҳо ҳалок шуданд. Халқи советӣ дар таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар муборизаи фидокорона озодӣ ва истиқлолияти СОСР-ро муҳофизат намуд. Ғалабаи оламшу-мули таърихии халқӣ советӣ дар озод кардани халқҳои Европа ва Осиё аз хавфи асорати фашизм, дар наҷот додани тамаддуни ҷаҳон мавқеи калон дошт, ба муваффакияти револютсияҳои як қатор мамлакатҳои Европа ва Осиё кӯмак расонд, ки дар натиҷаи он системаи ҷаҳонии сотсиализм ба вуҷуд омад.

Баъди  тамоми қувваҳои партия ва халк барои барқарор намудан ва боз ҳам тараққӣ додани хоҷагии халқ, барон анҷом додани сохтмони сотсиализм сафарбар карда шуданд.

Муваффақиятҳое, ки СССР дар тахти рохбарии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба даст даровардааст, бузурганд ва партия бо онҳо хакқонӣ мефахрад, вале партия аз воқеият дур намешавад, аз камбудию мушкилиҳои ҷойдошта ва хатоҳои содиршуда чашм намепӯшад, чунки  онҳо ҳангоми ҳалли вазифаҳои мураккабтарин ногузиранд ва партия ин гуна вазифаҳоро аввалин бор ҳал мекард. Дар вақташ Ленин навишта буд: «Он коммунистонеро, ки ба охир расондани сохтмони таҳкурсни иқтисодиёти сотсиалистӣ барин як «кори умумиҷаҳонӣ-таърихиеро (хусусан дар мамлакати майдадеҳқонӣ) бе хато, бе ақибнишинихо, бе чандин карат аз дигар кардани корҳои нотамом ва нодуруст кардашуда ба охир расондан мумкин аст гуфта пиндоранд, ин гуна коммунистонро яқинан одамони нобуд шудагӣ донистан лозим буд» (Асос, ҷилди 33, саҳифаи 206).

Дар давраи баъди ҷанг партия камбудӣ ва хатоиҳое, ки пеш роҳ дода шуда буданд, ошкор намуд ва барои бартараф намудани оқибатҳои шахспарастӣ тадбирҳо андешид. Норма ва принсипҳои Ленин қонуни ҳатмии ҳаёти партия гардидаид. Сохти чамъялтӣ’ ва Давлатии Советӣ боз ҳам устувор шуд ва такмил ёфт, ягонагии сотсиалӣ-сиёсӣ ва идеявии синфи коргар, деҳқонони колхозӣ ва интеллигенссия мустаҳкамтар гардид, дӯстии халқҳои СССР пойдортар шуд ва онҳо дар атрофи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС муттаҳидтар шуданд. Иқтисодиёт пуриқтидортар, қобилияти мудофиавӣ шикастнопазир гардид. Ғалабаи комил ва қатъии сотсиализм дар СССР ҷамъбасти асосии фаъ-олияти револютсионию дигаргунсозандаи халки советӣ дар таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС мебошад. Партия вазифаҳои муайянкардаи Программаи 2-юми худро иҷро намуд.

 

Съезди 22-юми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС Программаи нав қабул кард, ки дар он роҳҳои асосии сохтмони коммунистӣ дар СССР муайян карда шудаанд: барпо намудани базаи моддӣ-техникии коммунизм, инкишоф додани муносибатҳои коммунистии чамъиятӣ, тарбияи одами нав — бинокори фаъоли ҷамъияти коммунистӣ. « Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС вазифаи дорои аҳамияти умумиҷаҳонии таърихӣ мегузорад, ки дар Иттифоки Советӣ дараҷаи назар ба ҳар мамлакати капитализм баландтари зиндагонӣ таъмин карда шавад» (Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1970, саҳифаи 94).

Барои ҳалли бомуваффақияти Вазифаҳои тараққиёти сотсиалӣ ва иқ-тисодии СССР Пленуми июни (1983) Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, ки масъалаҳои актуалии кори идеологӣ, оммавию сиёсии партияро муҳокима кард, аҳамияти калон дорад.

«Тамоми кори идеологӣ, тарбиявӣ, пропагандистиамонро қатъиян ба дараҷаи он вазифаҳои бузургу мураккабе бардоштан зарур аст, ки онҳоро партия дар просесси такмил додани сотсиализми баркамол, иҷро мекунад»,— гуфта буд Ю. В. Андропов (Материалҳои Пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, 14—15 июни соли 1983, Душанбе., 1983, саҳифаи  6—7). Дар қарорҳои съездҳои 23—26-ум ва Пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС вазифаҳои сохтмони коммунистӣ мутобиқи шароити ҳозираи тараққиёти ҷамъияти советӣ, имкониятҳои реалӣ, ресурсҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва вазъияти байналхалқӣ аниқ муайян карда шудаанд. Партия ҷидду ҷаҳди халқро барои боз ҳам инкишоф ва такмил додани структураи сотсиалӣ, ташкилоти сиёсӣ, хаёти маънавии чамъияти мутараққии сотсиалистӣ, барои барпо намудани базаи моддӣ-техникии коммунизм дар асоси’тараққиёти илм ва техника, механизатсия ва автоматизатсия, афзоиши мунтазами ҳосилнокии меҳнат, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот равона мекунад.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС роҳбари сиёсӣ, ташкилотчӣ ва мураббии халқи советӣ мебошад. Партия, ки дар системаи сиёсии чамъияти мутараққӣ сотсиалисти ҷои асосиро ишғол мекунад, самт, роҳи ягонаи фаъолияти ҳамаи органҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро муайян менамояд. Роли роҳбаронаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар Давлати Советӣ дар моддаи 6 Конститутсияи СССР сабт гардидааст. Партия эҳтиёҷоти хамаи синфҳо ва табақа, аҷолӣ, манфиатҳои ҳамаи миллат ва халқиятҳо, хамаи наслҳоро ба эътибор мегирад. Ин ҳол боиси партияро тараф-

дорӣ намудани халқи советӣ мегардад.

Сиёсати берунии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз инки-шоф додан ва мустаҳкам намудани ҳаракати коммунистӣ дар тамоми ҷаҳон, аз фароҳам овардани шароити мусоиди байналхалқӣ барои сохтмони коммунизм дар СССР иборатаст. Сиёсати берунии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар принсипи интернатсионализми пролетарӣ ва принсипи ҳамзистии осоиштаи давлатҳои сохти ҷамъиятиашон гунотун қарор меёбад. Ҳамзистии осоишта маънои катъ кардани муборизаи идеологияҳои коммунистӣ ва империа-листиро надорад.

“Мувозинати харбию стратегии байни сотсиализм ва империализм,— қайд мекунад Ю. В. Андропов,— ба ҳамзистии осоишта объективона мусоидат мекунад. Ноил шудан ба ин мувозинат — яке аз муҳимтарин натиҷаҳои даҳсолаҳои охир мебошад» (Материалҳои Пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, 14—-45 июли соли 1983, Душанбе, 1983 саҳифви 24). Партия дар ҳар як давра вобаста ба шароит программаи амалиёти сиёсати берунии худро бо диққат кор карда мебарояд. Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар роҳи иҷрои Программаи сулҳ, ки Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС қабул ва съездҳои 25—26-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС онро инкишоф дода аст,. фаъолияти ҳарҷонибаи сиёсати беруниро вусъат медиҳад, ки ба туфайли он принсипи ҳамзистии осоишта, сарфи назар аз муқобилияти якравонаи реаксияи империалистӣ дар арсаи байналхалқӣ беш аз пеш эътироф карда мешавад. Саъю кӯшиши Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС-ро, ки барои паст кардани шиддати вазъияти байналхалқӣ ва бо (роҳи гуфтушунидҳои осоишта ҳал намудани масъалаҳои баҳсталаби байни давлатҳо равона шудааст, тамоми қувваҳои прогрессивӣ дастгирӣ мекунанд.

Сиёсати дохилии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба татбиқ намудани прогресси иқтисодӣ ва сотсиали дар СССР нигаронда шудааст. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба таъмия намудани суръати баланди тараққиёти хоҷагии халқ., фароҳам овардани шароити бемайлон баланд бардоштани дараҷаи моддӣ ва маданни халқи советӣ аҳамияти калон медиҳад. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС сиёсати тезонидани прогресси илмӣ-техникиро ҷорӣ намуда, дар соҳаҳои муҳимтарини саноат ташикилотҳои партиявиро мустаҳкам намуд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС барои барпо намудани базаи моддӣ-техникии (коммунизм дар шароити ҷамъя-яти сотсиализми мутараққӣ вазифаҳои зеринро ба миён мегузорад: ҳосилнокии меҳнат мунтазам баланд бардошта шавад; комёбиҳои револютсияи илмӣ- техникӣ бо афзалиятҳои системаи сотсиалистии хоҷагӣ узван пайваст карда шаванд; системаи баландгирӣ ва идоракунии хоҷагии халқ такмил дода шавад; иштироки оммаи халқ дар идоракунии давлат вусъат дода шавад; илм, адабиёт ва санъат инкишоф дода шавад; қобилияти мудофиавии СССР мустаҳкам карда шавад. Партия дар рафти иҷрои қарорҳои Съездҳои 25—26-ум ба идоракунии иқтисодиёт. беҳтар намудани кори баплангирӣ дикқати калон медихад, механизми хоҷагидориро такмил медиҳад, кооперасия ва шаклҳои самарабахши махсусгардониро дар саноат ва хоҷагии қишлоқ вусъат дода, робитаи иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро бо мамлакатҳои сотсиалистӣ васеъ мекунад. Фаъолияти . Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар соҳаи азнавсозиҳон сотсиалӣ ба он нигаронида шудааст, ки барои ба ҳам наздикшавии синфи коргар, деҳқонони колхозӣ, интеллигенсия, тадриҷан барҳам хӯрдани фарқияти куллии байни шаҳру қишлоқ,. байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ ёрӣ расонда шавад. Партия қайд мекунад, ки мавкеи асосӣ дар ҷамъияти советӣ, дар сохтмони коммунистӣ чун пештара ба синфи коргар тааллуқ дорад. Дар рафти сохтмони коммунистӣ мавқеъ ва масъулияти партия умуман ва ҳар як коммунист шахсан меафзояд.Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар сафҳои худ намояндагони ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои СССР-ро муттаҳид мекунад, ин партияи интернатсионализми пролетарӣ мебошад. Интернатсионализми пролетарӣ, ки бо ватандӯстии советӣ узван пайваст аст, қисми таркибии ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии партия мебошад. Интернатсионализм асоси программаи миллии ленинӣ гардид, ки татбиқи он дар тараққиёти пуравҷи иқимсодиёт ва гулгулшукуфии маданияти ҳамаи республикаҳои советӣ, дар барпо шудан ва тараққӣ ёфтани иттифоқи ягонаи сермиллати онҳо, ки такягоҳи дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халкҳои ҷаҳон гардидааст, ифода ёфтааст. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба мохияти интернатсионалии синфи коргар такя намуда, ба он муваффак гардид, ки дар меҳнати муштарак, дар мубориза баҳри сотсиализм ва дар набардҳои муҳофизати он муносибатҳои нави мутаносиби байни синфҳо ва гурӯҳҳои сотсиалӣ, миллатҳо ва халқиятҳо — муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба вуҷуд омаданд, умумияти нави таърихии одамон — халқи советӣ ташаккул ёфт.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС партияи коммунизми илмӣ мебошад. Дарки иазариявии ҳодисҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, тамоюлҳои асосии он ба Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС имкон медихад, ки рафти просессҳои ҷамъиятиро пешбинӣ кунад, самти дурусти сиёсиро кор карда барояд. Партия дар бораи инкишофи марксизм-ленинизм, тозагии он, дар бораи бо амалияи сохтмони коммунистӣ узван пайвастани назарияи коммунизми илмӣ доимо ғамхорӣ мекунад. Кори идеологии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз тарбияи ‘коммунистии одамони советӣ, аз бартараф намудани боқимондаҳои ақида ва урфу одатҳои буржуазӣ иборат аст, пар-

тия ба рафти тараққиёти ҷамъиятӣ таъсири  фаъолона мерасонд.

Таҷрибаи таърихии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС барои фаъолияти дигар партияҳои коммунистӣ, ки онро эчодкорона қабул ва истифода мекунанд. аҳамияти калон дорад. Партияи револютсионии марксистии типи нав, ки онро Ленин барпо намудааст, дар ҳаракати байналхалқии коргари давраи нав кушод. Партияи болӣшевикон аз рӯзи ташкил шуданаш ҳамчун отряди  ҷанговари ҳаракати байналхалқии коммунистӣ амал мекунад. Бо саъю кӯшиши болшевикон назарияи ленинии империализм ва револютсияи сотсиалистӣ дастраси пролетариат ҷахон ва асоси идеявие гардид, ки асосгузорни ояндаи партияҳои коммунистти мамлакатҳои гуногун дар заминаи он муттаҳид гаштанд.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар роҳи иҷрои вазифаи интернатсионалии худ барои ғалабаи сотсиализм дар тамоми ҷаҳон тамоми кори аз дасташ меомадагиро дар як мамлакат кард: диктатураи пролетариатро барқарор карда, такягоҳи револютсияи ҷаҳониро барпо ва мустаҳкам намуд, бо ибрати худ ба просессси муттаҳидошавии ҳаракати байналхалқи таъсири ҳалкунанда расонд. Гурӯҳҳои марксистии револютсионӣ дар асоси ленинизм ба партияҳои мустақил аз ҷиҳати идеявӣ ва ташкилӣ ба расмият даромаданд ва мут-таҳид гардиданд. «Болшевизм барои Интернатсионали 3 … асосҳои идеявӣ ва тактикӣ ба вуҷуд овард». (Владимир Илич Ленин, Асос.,, ҷилди- 28, саҳифаи 316). Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, ки таҷрибаи «бузурги ҳарҷони-ба дорад, ба барқарор ва мустаҳкам шудани партияҳои коммунистии дигар мамлакатҳо ёрӣ мерасонд ва мерасонад, муборизаро барои ягонагии ҳаракати коммунистии ҷаҳон кать намекунад. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС барои муттаҳид намудани ҳамаи қувваҳои прогрессивӣ ва зиддиимпериалистӣ собитқадамона кор мебарад. Мақоми СССР дар арсаи байналхалқи шаҳодати пешоҳангии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аст.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС яке аз отрядҳои ҳаракати коммунистӣ буда, ба проблемаҳои коммунизми ҷаҳонӣ, масъалаҳои назариявии муборизаи револютсионӣ ва тараққиёти сотсиалистӣ диққати калон медиҳад. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС барои мубодилаи тачриба, афкор, барои кор карда баромадани роҳи ягонаи сиёсии муборизаи зидди империализм вохӯриҳои дутарафа ва бисёртарафаи ҳайатҳои вакилони партияҳои коммунистӣ, маҷлисҳои машваратии регионалӣ (ноҳиявӣ) ва мақлисҳои байналхалқиро истифода мебарад. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба рохҳ генералии ҳаракати коммунистии  ҷаҳонӣ, ки классикони марксизм-ленинизм муайян кардаанд, содиқ аст, барои тантанаи присипҳои ленинии муносибати банки партияҳо мубориза мебарад. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС барои ноил шудан ба ягонагии амалиёти партияҳои коммунистӣ дар муборизаи зидди империализм саъю кӯшиш( мекунад, вусъат додани алоқаҳои байни партияҳоро тарафдорӣ менамояд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС тозагии марксизм-ленинизмро ҳимоя мекунад, ба ҳама гуна ревизиҳнистҳо, догматикҳо ва шовинистии онҳо зарбаи катъӣ мезанад, ба мукобили муқаррароти идеявии зиддиленинии маочиён, ба муқобили сиёсати гегемонистии шовинистии онҳо муборизаи оштинопазир мебарад.

Аҳамияти Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС бо саҳми ба маҳзани прогресси инсоният гузаштааш муайян мегардад. Аз ҳамаи ҷараён ва партияҳои сиёсие, ки ба роҳбарии просесси таърихӣ даъво доштанд, Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аввалин шуда асоснокии илмии программаи худро дар амал исбот намуд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС асосҳои стратегия на тактикаи револютсиониро кор карда баромад. пролетариати бошуурро дар асоси идеяҳои марксизм муттаҳид кард, муваффақияти муборизаи револютсиониро дар Россия таъмии намуд, ба сӯи азнавсозиҳои демократӣ ва сотсиалистӣ дар тамоми ҷаҳон роҳ кушод.

Тачрибаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар бобати тайёр кардан ва гузаронидани револютсияи сотсиалистӣ, ба амал баровардани сохтмони сотсиалистӣ аҳамияти оламшумули таърихӣ дорад, ки он таълимоти марксистӣ-лениниро дар бораи мавқеи пролетариат дар озод намудани тамоми меҳнаткашон ва мазлумон, таълимоти марксистӣ-лениниро дар бораи он ки синфи коргар вазифаи таърихии бунёд кардани ҷамъияти навро танҳо бо оммаи меҳнаткаши ғайрипролетарӣ, дар навбати аввал бо деҳқонони меҳнаткаш иттифоқи зич баста иҷро карда метавонад, пурра тасдиқ намуд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аввалин бор дар таърих асосҳои илмии тараққиёти иқтисодиётро кор карда баромад, ба ташкили системаи плании хоҷагии халқ, роҳбарӣ кард, ки ин барои СССР-ро дар муддати кӯтоҳтарин ба давлати пурзӯри ҷаҳон табдил додан имконият дод ва бо ҳамин бартарии сотсиализмро бар капитализм намоиш дод. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар муносибатҳои байналхалқӣ роҳи принсипан нав кушод. Декрети ленинӣ дар бораи сулҳ, ки ҷангро ҷинояти азими зидди инсоният эълон кард, ба сиёсати таҷовузкоронаи империализм сиёсати сулҳдӯстонаи фаъолонаи сотсиализмро муқобил гузошг. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар таҷрибаи СССР исбот намуд, ки сотсиализм ва сулҳ ҷудонашавандаанд. Программаи Сулҳ,  ки Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС кор карда баромадааст, таҷассуми зиндаи принсипҳои ленинии сиёсати берунии замони ҳозира мебошад. Дар муборизаи зидди идеологияи буржуазӣ ва ревизионистӣ ас-лиҳаи тавоно будани агитасия ва пропагандаи  партиявӣ аҳамияти калон дорад. Кори идеологии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ба рафти тараққиёти ҷамъиятӣ таъсири калон мерасонад. Муассисаи асосии илмии партия Институти марксизм-ленинизм дар назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС мебошад, ки он дар ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ, дар Москва ва Ленинград филиалҳо дорад.

Партия системаи маорифи сиёсӣ ташкил кардааст, ки он муттасил такмил меёбад. Соли 1978 дар системаи омӯзиши партиявӣ 22 миллион  нафар коммунистон ва бепартиявиён таҳсил карданд. Ҳамаи коммунистон кори оммавӣ-сиёсӣ мебаранд. Кори оммавӣ-сиёсӣ дар асоси ба меҳнаткашон аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, мадании мамлакат ва аҳволи байналхалқӣ ахбороти васеъ додан сохта мешавад. Бо ин мақсад дар ташкилотҳои партиявӣ гурӯҳҳои ахборотчиёни сиёсӣ ташкил карда мешаванд. Мактабҳои меҳнати коммунистӣ ва университетҳои халқӣ, университетҳои марксизм-ленинизм кушода шуданд; партия онҳоро воситаи пропагандаи марисизм-ленинизм, сиёсати Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ва Давлати Советӣ медонад. Пропагандаи лексионӣ торафт вусъат меёбад, ки барои он дар назди комитетҳои партиявӣ гурӯҳҳои лектории ғайриштатӣ ташкил карда мешаванд. Баромадҳои коркунони роҳба-рикунандаи партиявӣ, советӣ ва хоҷагӣ дар назди меҳнаткашон аҳамияти калон доранд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар бобати баланд бардоштани дараҷаи идеявию назариявӣ, сифатҳои сиёсӣ ва кордонии коркунони партиявӣ ва советӣ доимо ғамхорӣ мекунад. Соли 1978 дар асоси Мактаби олии партиявӣ, Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва Мактаби олии партиявии ғоибона, мактаби ягонаи сифатан нав — Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ташкил карда шуд. Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ бояд маркази асосии таълимӣ, илмию методии тамоми системаи тайёр намудани коркунони партиявӣ, советӣ ва идеологӣ гардад.

 

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар силсилаи воситаҳои таъсири идеявӣ-сиёсӣ ба омма ба муассисаҳои маданию равшаннамоӣ — китобхонаҳо, клубҳо» театрҳо, кинотеатрҳо аҳамияти калон медиҳад.

Аз давраи Револютсияи Октябр инҷониб партия тамоми системаи маорифи халқи мамлакатро ба хизмати тарбияи коммунист гузоштааст.

Дар просесси сохтмони сотсиалистӣ ва кори идеологии партия шуури одамони советӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст. «Револютсияи мо дар нихояти кор ба он сабаб аз ҳамаи револютсияҳои дигар хеле пеш гузашта рафт, ки вай даҳҳо «миллион одамони пештар дар сохтмони давлатӣ манфиатдор набударо ба воситаи Ҳокимияти Советӣ ба иштироки фаъолона дар ин сохтмон ба по хезонд». (Владимир Илич Ленин, Асос, ҷилди31, саҳифаи 539). Идеологияи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар баробари ғалабаи сотсиализм идеологияи тамоми халқи советӣ гардид, Ҷамъияти советӣ дар чунин давраи тараққиёт мебошад, ки дараҷаи шуурнокӣ, дониши илмӣ, маданияти тафаккур, меҳнат ва одобу рафтор ба тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ торафт бештар таъсири фаъолона мерасонанд. Мавқеи шуур чун қонунияти тараққиёти форматсияи коммунистӣ баландтар мегардад.

Дар байни меҳнаткашон ташкилотҳои ибтидоии партиявӣ бевосита кор мебаранд, ки онҳо аз рӯи аломатҳои территориявию истеҳсолӣ ташкил карда мешаванд. Онҳо оммаи халқро дар атрофи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС муттаҳид намуда, онҳоро барои ба ҳаёт татбиқ кардани қарорҳои партия сафарбар мекунанд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС роҳбарии сиёсиро ба Советҳои депутатҳои халқӣ, иттифоқҳои касаба, комсомол, кооперасия ва дигар ташкилотҳои оммавӣ ба воситаи гурӯҳҳои партиявии ин ташкилотҳо ба амал мебарорад. Комитетҳои партиявӣ кори ташкилотҳои алоҳидаро ҳар сари чанд вакт муҳокима мекунанд; органҳои болоии партиявӣ ҳисоботи органҳои поёнии партиявиро мешунаванд, дар қарорҳои худ таҷрибаи ғуншударо ҷамъбаст, камбудиҳоро ошкор карда, барои оянда маслихатҳо медиҳанд. Яке аз шаклҳои роҳбарӣ аз рӯи масъалаҳои муҳимтарини кор қабул намудани қарорҳои якҷояи органҳои партиявӣ ва советӣ (иттифоқи касаба, комсомол) мебошад. Комитетҳои партиявӣ ба ивтихоб намудаи, ҷо ба ҷо гузоштан ва тарбия кардани кадрҳо дар ташкилотҳои оммавӣ таъсир мерасонанд, дар ташкили органҳои интихобии фаъол ба онҳо ёрӣ мекунанд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС талаби ленинии ягонагии тафтиш ва ташкили иҷроро ба роҳбарӣ гирифта, ба кори органҳои назорати халқӣ роҳбарӣ мекунад, ба кори онҳо аз рӯи сари вақт бартараф кардани камбудиҳо баҳо медихад.

Шарти хатмии фаъолияти Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ягонагии идеявӣ ва ташкилӣ мебошад, Ҳамаи коммунистон дар муайян кардан ва ба амал баровардани роҳи сиёсӣ иштирок мекунанд, ҳамаи органҳои роҳбарикунандаи партия интихобӣ, ҳисоботдиҳанда ва ивазшаванда (давра ба давра) мебошанд. Маҷлисҳои ҳисоботии партиявӣ, конференсияҳои партиявӣ ва съездҳо ҳатман мувофики мӯҳлатҳои муқарраркардаи Устави Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС гузаронида мешаванд. Роҳбарии кол-лективиро органҳои партиявӣ ифода мекунанд ва ба ҳайати онҳо коммунистоне интихоб мешаванд, ки аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ обутоб ёфтаанд ва қобилияти ташкилотӣ доранд.  Иқтисодиёт, сиёсат, ҳаёти ҷамъиятии ҳозира чунон муракка-банд, ки онҳоро танҳо хиради тавонои коллективона саришта карда метавонад. Бинобар ин маслиҳати мутахассисон, олимон, зимнан мутахассисон, олимони натанхо як равия ва ё як мактабро гӯш кардан лозим, бо халқ маслиҳат карда та-вонистан даркор, то ки аз ҳама гуна каҷ рафтанҳо қабули қарорҳои хому хаталаи зӯракӣ амин бошем».

Роли партия дар сохтмони коммунизм ба инкишофи демократияи дохилипартиявӣ алоқаманд аст.

Хусусиятии муҳими фаъолияти Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ошкорбаёнӣ аст. Комитети Марказии органҳои маҳаллии партиявӣ, фаъолон, ҳамаи коммунистонро аз масъалаҳои муҳимтарини кори партия мунтазам огоҳ мекунад. Комитетҳои партияиии районӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ко-митетҳои партиявии кишварӣ, дар давраҳои байни конференсияҳо дар маҷлисҳои фаъолони партиявӣ, дар ташкилотҳои ибтидоии партиявӣ аз фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дар бобати ҳарҷониба вусъат додани танқид ва худтанқидкунӣ кор бурда, танқид  ва худтанқидкуниро воситаи тарбияи коммунистон дар рӯҳи масъулиятнокии баланд барои такдири партия ва мамлакат медонад.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС принсипи ленинии аъзоии партияро қатъиян риоя мекунад. Ҳар як гражданини СССР, ки Программа ва Устави партияро эътироф мекунад, дар сохтмони коммунизм фаъолона иштирок менамояд, дар яке аз ташкилотҳои партиявӣ кор мекунад, қаарорҳои партияро иҷро намуда, аъзоҳаққӣ месупорад, метавонад аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС шавад. Ҳар шахси ба сафи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС дохилшаванда стажи номзадиро (1 сол) мегузарад, ки баъди он дар маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии партиявӣ ба аъзоӣ қабул мешавад. Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС принсипи интихоби индивидуалиро риоя карда, ба сафҳои худ танҳо шахсони сазовортаринро қабул мекунад. Ташкилотҳои партиявӣ нисбат ба шахсони ба партия дохилшаванда доимо серталабанд.

Асоси Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС-ро ташкилотҳои иб-тидоии партиявӣ ташкил мекунанд. Органи олии онҳо — маҷлиси партиявӣ. Ташкилотҳои маҳаллии партиявӣ (республикавӣ,’ кишварӣ, вилоятӣ, округӣ, шаҳрӣ ва районӣ) қисми таркибии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС мебошанд, ки тамоми территорияи СССР-ро дарбар мегиранд. Онҳо сиёсати партияро ба амал мебароранд, иҷрои директиваҳои органҳои олии онро ташкил ва ба амал татбик, менамоянд. Органи олии ташкилоти маҳаллӣ  конференсияи партиявӣ (дар республикаҳои иттифоқӣ — съездҳои Партияи Коммунистӣ ё маҷлиси умумии коммунистон мебошад. Онҳо комитетҳо интихоб менамоянд, ки онҳо ба кори ташкилоти мазкур роҳбарӣ мекунанд. Органи олии партия, ки ирода, мақсад ва вазифаҳои онро ифода мекунад, съезди Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС мебошад, ки он дар 5 сол як маротиба даъват карда мешавад.

Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ҳақиқӣ будани таълимоти марксизм-ленинизмро дар бораи револютсияи сотсиалистӣ, диктатураи пролетариат сохтмони сотсиализм ва коммунизм, дар бораи мавқеи калон дош-тани Партияи коммунистӣ дар кори барпо намудан ва тараққӣ додани ҷамъияти сотсиалистӣ дар  амал исбот намуд; таълимотро дар бораи бошуурона, дар асоси дарк намудан ва истифода бурдани қонунҳои объективии тарақкиёти ҷамъият барпо намудани формасияи коммунстӣ ҷорӣ кард; хусусияти умумии қонунҳои асосии сохтмони сотсиалистӣ ва ба хусусиятҳои хоси шароити дохилӣ вобаста будани шаклҳҳои зуҳуроти онҳоро кушода дод. Таҷрибаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС манбаҳои беинтиҳои кувваҳои ҳаракати коммунистиро зохир кард: садоқат ба мармсизм-ленинизм, аз ҷиҳати илмӣ асоснок будани сиё-сат, маҳорати мувофики тағйироти шароит ба ҳаёт гузарондани он, бо оммаи меҳнаткашон алоқаи зич доштан. Ин таҷриба таълимоти (марксизм- ленинизмро дар бораи тараққиёти ҷамъият дар давраи ба сотсиализм гузаштан бой гардонд; ба дасти партияҳои бародар системаи санҷидашудаи шаклу усул ва воситаҳои азнавсозии револютсионии ҷаҳонро дод, идеяҳои коммунизмро ба кувваи мағлубнашаванда мубаддал гардонд.

 

САНАҲОИ СЪЕЗДҲО ВА КОНФЕРЕНСИЯҲОИ КПСС

 

Съезди 1-уми РСДРП 1—3 (13—15) марти 1898, .Минск.

 

Съезди 2-юми РСДРП 17 (30) июль— 10 (23) а<вг. 1903, Брюссель—Лондон.

 

Съезди З-юми РСДРП 12—27 апр.

 

(25 апр.— 10 мая) «1905, Лондон. Конференцияи 1-уми РСДРП 12—17 (25—30) дек. 4905, Таммерфорс. Съезди 4-уми (муттахидкупавдаи) РСДРП 10—25 апр. (23 апр—8 май) 1906, Стокгольм. Конференцияи 2-юми РСДРП («1-уми умумироссиягй») 3—7 (>16—20) ио-яб. 1906, Таммерфорс.

 

Съезди 5-у.мя (лондонии) РСДРП 30 апр. — 19 май (13 май —1 июнь) 1907, Лондон.

 

Конференцияи З-юми РСДРП («2-юми умумироссияги») 21—23 июли (3—5 авг.) 1907, Котка (Финляндия).

 

Конферепцияи 4-уми РСДРП («3-кхми умумироссияги») 5—*12          (18—25)

 

нояб. 1907, Гельсингфорс. ? Конференцией 5-умн РСДРП (уму-мироссиягй) 21—27 дек. 1908 (3— 9) янв. 1909, Париж.

 

Конференциям 6-уми (прагагии) у мумироссияги и РСДРП 5—47 (18 —30) янв. 1912, Прага. Конференцияи 7-уми (апрелии) уму* мироссиягии РСДРП (б) 24—29 апр. (7—12 май), 1917, Петроград. Съезди 6-уми РСДРП (б) 26 июль — 3 авг. (8—16) авг. 1917, Петроград.

Съпзди 7-уми таъдилии РКП (б) 6—

 

8 марти 1918, Петроград.

 

Съезди 8-ум к РКП (б) 8—23 марти 1919, Москва.

 

Конференция!! 8-ум и умумироссия-гии РКП (б) 2—4 дек. 1919, Москва.

 

Съезди 9-уми РКП (б) 29 март — 5 апр. 4920, Москва.

 

Конференцияи 9-уми умумироссия-гпи РКП (б) 22—25 сент. 1920, Москва.

 

Съезди 10-уми РКП (б) 8—16 марти 1921, Москва.

 

Конференцияи 10-уми умумироссия-гии РКП (б) 26—28 май 1921, Москва.

 

Конференцияи 11-уми умумироссия-гии РКП-(б) 19— 22-юми дек. 1921,

 

Съезди 11-уми РКП (б) 27 март —

 

2 апр. 1922, Москва.

 

Конференцияи 12-уми умумироссия-гии РКП (б) 4—7 авг. 1922, Москва.

 

Съезди 12-уми РКП (б) 17—25 апр.

 

1923, Москва.

 

Конференцияи 13-уми РКП (б) 16—

 

18 янв. 1924, Москва.

 

Съезди 13-уми РКП (б) 23—31 май 4924, Москва.

 

Конференцияи 14-уми РКП (б) 27— 29 апр. 1925, Москва.

 

Съезди 14-уми ВКП (б) 18—31 дек.

 

1925, Москва.

 

Конферепцияи 15-уми ВКП (б) 26 окт. — 3 нояб. 1926, Москва.

 

Съезди 15-уми ВКП (б) 2—19 дек.

 

1927, Москва.

 

Конференцияи 16-уми ВКП (б) 23—29 апр. 1929, Москва.

 

Съезди 16-уми ВКП (б) 26 июнь — 13 июли 1930, Москва. Конференцияи 17-уми ВКП (б) 30 янв. — 4 февр. .1932, Москва.

 

Съезди 17-уми ВКП (б) 26 янв.— 10 февр. 1934, Москва.

 

Съезди 18-уми ВКП (б) 10—21 марти 1939. Москва.

 

Конференцияи 18-уми ВКП (б) 15— 20 февр. 1941, Москва.

 

Съезди 19-уми КПСС 5—14 окт. 1952, Москва.

 

Съезди 20-у м и КПСС 14—25 февр.

 

1956, Мофсва.

 

Съезди 21-умн (гайринавбатии) КПСС 27 япв.—5 февр. 1*959, Мос-нва.

 

Съезди. 22-юми КПСС 17—31 окт.

 

1961, Москва.

 

Съезди 23-юми КПСС 29 март —8 апр. 1966, Москва.

 

Съезди 24-уми КПСС 30 март — 9 апр. 1971, Москва.

 

Съезди 25-уми КПСС 24 февр.—5 марти 1976, Москва.

 

Съезди 26-уми КПСС 23 февр.—3< марти 1981, Москва.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …