Пармачок, чоҳи мудавварест, ки ба воситаи дастгоҳи махсуси парма хафр шуда, беш аз 5 метр чуқурӣ ва 75—390 миллиметр диаметр дорад. Пармачоқ мустақим ва моил мешавад. Пармачоқ аз даҳони чох, қаър ва танаи он иборат аст.
Ҳоло амиқтарин Пармачоқ дар нимҷазираи Кола беш аз 11 километр чуқурӣ дорад, минбаъд ҷуқурии Пармачоҳҳо аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Якчанд навъи Пармачоқ мавҷуд аст: интишофӣ (барои кофтукови сарватҳои зеризаминӣ), истифодабарӣ (истихроҷи нефту газ, обҳои зеризаминӣ ва ғайра), ёрирасон, махсус, таркониш ва ғайра