Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Парагваиҳо

Парагваиҳо

Парагваиҳо, аҳолии асосии Па­рагвай, ки тақрибан 99% сокинонашро ташқил медиҳад. Шумораашон қариб 3 млн нафар (1978). Парагваиҳо асосан асрҳои 17—18 дар натиҷаи омезиши ҳиндиёни гуаранӣ ва испаниҳо ташаккул ёфтаанд; аз ҷиҳати антропо­логӣ бештар дурагаанд.

Зиёда аз нисфи Парагваиҳо бо ду забон — испанӣ ва гуаранӣ гап мезананд. Диндорон ка­толиканд. Доир ба маданият ва хоҷагии Парагваиҳо ниг. Парагвай.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …