Папуасҳо (аз малайӣ рарuwа — ҷингиламӯй), номи умумии қисми зиёди аҳолии тагҷоии ҷазира Гвинеяи Нав, ҷазираҳои шимолу ғарбии Меланезия, қисми шимолии ҷазираи Халмахер ва қисми шарқии ҷазираи Тимор. Шумораашоя зиёда аз 3 млн нафар (1973). Папуасҳо аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди меланезӣ мансуб буда, бо забонҳои напуасӣ гап мезананд. Унсурҳои асосии эътиқоди динӣ нарастиши оинҳои аҷдодӣ, сеҳру ҷоду (соҳирӣ) ва тотемизм. Аз охири асри 19 масеҳият паҳн гардидааст ва ҳоло аксари Папуасҳо расман ба замин дин эътиқод доранд.
Папуасҳо то вақтҳои охир дар баъзе ноҳияҳои ҷазираи Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои шимолу ғарби Меланезия сохти ҷамоаи ибтидоиро аз сар мегузаронданд. Асоси хоҷагии Папуасҳо— парвариши бехмева, дарахтони нахлу мева, хукпарварӣ, моҳигирӣ ва қисман шикор аст. Қисми Папуасҳо дар плантатсия ва корхонаҳои саноати маъдан кор мекунанд. Папуасҳо то омадани мустамликадорони Европа намедонистанд, ки замни моликияти хусусӣ шуда метавонад. Фарқияти иҷтимоӣ дар байни Папуасҳо вақтҳои охир пайдо шуд. Дар омӯхтани этнографияи Папуасҳо тадқиқотчии рус Н. Н. Миклухо-Маклай саҳми арзанда гузоштааст.
Ад.: М и к л у х о-М а к л а й Н. Н., Собр. соч.. т. 1—5, М.— Л.. 1950—54; Б у тимов Н, А., Папуасы Новой Гвинеи, М., 1968.