Панҷтор асбоби мусиқии торӣ, ки дар ноҳияҳои Помиру Дарвоз маъмул аст. Аз рӯи сохт ва пардабандиаш бештар ба танбур монанд. Панҷтор панҷ тор дорад, ки ин тавр ҷӯр мекунанд:
Панҷтор дар алсамблҳои гуногуни инструменталӣ ва ҳамчун сози яккахонӣ истифода мешавад. Хелҳои гуногуни Панҷтор дар Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон низ маъмуланд.
Ад.: Атлас музыкальных инструментов народов СССР, М., 1975.