Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Панҷширӣ Дастагир

Панҷширӣ Дастагир

Панҷширӣ Дастагир (таваллудаш 1933, деҳаи Қобзони рухаи Палҷшири вилояти Парвони Афғонистон), нависанда, ходими партиявӣ ва давлатии Афғо­нистон, яке аз асосгузорони Партияи Демократии Халқи Афғонистон (ПДХА). Мактаби ибтидоиро дар Ҳирот (1948), дорулмуаллимил ва уни­верситет (факултети адабиёт ва улуми башарӣ) -ро дар Кобул (1958) хатм кардааст. Солҳои 1958-1959 мудири тадқики рӯзномаи миллии «Анис», 1959-1960 мудири китобхонаи Вазорати иттилооту маданият ва муаллими адабиёти дорулмуаллими н и Кобул, 1960—1962 дар хизмати ҳарби буд.

Солҳои 1962—1969 дар вазорати иттилооту маданият дар вазифаҳои гуногун шуғл варзид. Барои тарғибу ташвиқот ва фаъолияти сиёсиаш як чанд бор ба ҳабс гирифта шуда буд (соли 1969 ба мӯҳлати 6 сол ва ғайра). Аз соли 1978 баъди ғалабаи Инқилоби Савр — вазири таълиму тарбияи РДА, аз 26 августи 1978 то 27 декабри 1979—вазири фавоиди оммаи РДА, аз 30 августи 1980— узви кароргоҳи марказии амнияти кишвар, масъули амнияти вилояти шимолу шарқи кишвар, вилоятҳои Ҳироту Мазори Шариф. Аз соли 1983 Раиси иттиҳодияи нависандагони Афғонистон.

Дар оғози таъсиси ПДХА аъзои Комитети Маркази, муншии Комиссияи назариявӣ ва таблиғ, муншии Комиссияи молӣ, муншии Комиссияи назорат ва контроли ПДХА ва муншии Комитети вилоятии шаҳри Кобул ва узви равобити Комитетҳои вилоятии Шибирғон, Фороб, Парвон, Копишо, Самангон ва Балх буд. Аз соли 1979 аъзои Бюрои Сиёсии КМ ПДХА ва раиси контроли ҳизбии КМ ПДХА. Панҷширӣ адиб ва журналисти бомаҳорат буда, дервақт дар дариҷаҳои «Халқ«, «Парчам» ва «Анис» ҳамкори карда, ашъору мақола ва осори илмию адабии худро ба табъ расондааст ва ақидаҳои пешрави заҳматкашонро тибқи сиёсати ПДХА ва асосҳои назарияи марксизм-ле­нинизм тарғиб кардааст. Панҷширӣ баъди Инқилоби Савр ба Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла РСС Тоҷикистон борҳо ташриф овард.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …