Панҷаи гурба, ҷинҷак (Ргоsopis), ҷинси дарахтони серхори хурд, бутта ва нимбуттаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Барги мураккаби пармонанд, гули зард, гилофакмеваи сертухм дорад. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии ҳарду нимкураи замин қариб 65 намуди Панҷаи гурба мерӯяд.
Дар Тоҷикистон танҳо як намуди Панҷаи гурба месабзад, ки ҷинҷак (P. Farcta ниг. расм) ном дорад.
Ҷ и н ҷ а к буттача ё нимбуттаи сершох ва серхор буда, 30—100 см қад мекашад. Решааш ғафс ва дароз мешавад. Баргаш пармонанд (дарозиаш 2—5 см), хӯшагул дорад (дарозиаш то 4,5 ом), гулаш зардча, гилофакаш думчадарози мудаввар ё дарозрӯя (дарозиаш 1,5—5 см, бараш 2,5 см), нӯгаш каҷ, сурхтоб ё сиёҳтоб, тухмаш байзашакл.
Моҳҳои июн—июл гул мекунад. Мевааш моҳҳоя август— сентябр мепазад. Асосан дар заминҳои сахт ва шӯрхок (500— 900 м аз сатҳи баҳр), дар Тоҷикистони Ҷунубӣ мерӯяд. Мевааш то 6% қанд ва решааш 7—8% танид дорад. Онро барои даббоғӣ истифода мебаранд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.