Маълумоти охирин

Панҷа

Панҷа, қисми интиҳоии дасту пои одам. Панҷа даст ва пой ҳар кадом аз се қисм иборат аст: сарпанҷа, каф ва ангуштон. Скелети даст аз ду қатор устухонҳои кӯтоҳи сарпанҷа, ки З-тояшон ба банди даст пайваст мешаванд, устухонҳои кафи даст ва устухонҳои ангуштон ташкил ёфта­аст. Панҷаро мушакҳои банди даст ба ҳаракат меорад.

Панҷаи пой аз 26 ус­тухони сарпанҷаи кафи пой ва гуштон иборат буда, тавассути усту­хони гурзшакли сарпанҷа ба устухони соқи пой пайваст мешавад. Панҷаи  пойро мушакҳои соқи пой ба ҳара­кат меоранд ва шохаҳои артерияи қисми пеш ва ақиби соқи калон аз хун таъмин менамоянд. Иннер­ватсияи Панҷаи пой ба воситаи асабҳои соқи калон ва хурд ба амал оварда мешавад.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …