Панин (асрҳои 5—4 то мелод) забоншиноси Ҳиндустони қадим. Яке аз асосгузорони забоншиносӣ, ки назарияҳои структурализм, семиотика ва мантиқи забоншиносиро ба миён овардааст. Дар шаҳри Таксил таҳсил кардааст. Намояндаи мактаби забоншиноси Ҳиндустони Шимолӣ. Панини аввалин шуда дар Ҳиндустон грамматикаи нормативии забони ҳиндии қадим — «Аштадҳйаи» («Ҳашт китоб»)-ро навиштааст.
Ҳар китоби он аз чор боб иборат буда, 4 ҳазор сутра (қоида)-ро бо тавсифи пурраи фонетика, морфология, калимасозӣ, синтаксиси санскрит ва қисман забони ведӣ (дар муқоиса бо санскрит) дарбар мегирад. Панини дар «Аштадҳйаи» аз мафҳумҳои ҳиссаҳои нутқ, реша, суффикс ва ғайра истифода кардааст. Умуман грамматикаи Панини нахустин намунаи тавсифи системаноки забон мебошад.
Забоншиносони Ҳиндустони қадим Патанҷали (асри 2 то мелод), Ҷаядита ва Вамани (асри 7) бо номҳои «Маҳабҳашйа» («Тафсири бузург») ва «Кашикавритти» («Тафсири банорасӣ») ба асари Панини тафсир навиштаанд. Грамматикаи Панини ба забонҳои франсавӣ ва англисӣ тарҷума ва нашр шудааст (1948-54; 1962).
Ад.: Димри Дж. П., Панини и его «Восьмикнижие», «Народы Азии и Африки» , 1973, № в.