Панфиловчиён, аскарони дивизияи тирандозии 316-ум, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) корнамоӣ кардаанд. Дивизия (командираш генерал-майор Й. В. Панфилов) июл-августи 1941 дар Алмаато аз собиқ полкҳои 1073, 1075 ва 1077- уми тирандозӣ ва 857-уми артиллерӣ фароҳам омад. Охирҳои август ба ҳайати армияи 52-юми фронти Шимолию Ғарбӣ дохил шуд. 7—10 октябри онро ба самти Волоколамск равона карданд. Солҳои 1941—1942 дар ҳайати армияи 16-ум дар муҳорибаи Москва фаъолона иштирок намуд.
14 октябри дивизия бар зидди қувваҳои душман, ки хеле зиёд буд, дар тарафи ғарби Волоколамск ҷангҳои сахти мудофиавӣ бурд. Дивизия дар ин ҷангҳо қаҳрамонии оммавӣ нишон дод. 16 ноябр ҳуҷуми нави фашистон ба Москва сар шуд. Дар ин рӯз 28 нафар ҷанговарони собиқ ротаи 4-уми баталёни 2-юми полки тирандозии 1075-ум бо сардории В. Г. Клочков (роҳбари сиёсӣ), ки Дубосековом назди Волоколамскро Мудофиа мекарданд, қаҳрамонии бемисол нишон доданд: дар чанги 4-соата 18 танки душманро нобуд карда, қариб ҳамаашон, аз ҷумла В. Г. Клочков ҳалок гардиданд.
Бо укази Президиуми Совети Олии СССР аз 21 июли 1942 ба иштирокчиёни ин муҳориба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Дивизия 17 ноябри 1941 барои корнамоии қаҳрамононааш бо ордени Байрақи Сурх сарфароз гардид. 18 ноябри он ба дивизияи 8-уми гвардиягӣ табдил ёфт ва 23 ноябри номи И. В. Панфиловро гирифт.