Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палинология

Палинология

Палинология (аз юн. раline — гарди майда ва …логия), илмест, ки гард ва спораи растаниҳоро меомӯзад. Яке аз фаслҳои Палинология палино- морфология аст, ки шаклу сохт ва инкишофи спораю донаҳои гард, пардаи онҳо (экзоспория ва перис­пория)-ро меомӯзад.

Вазифаи Палинология аз инҳо иборат аст: дар систематикаи растаниҳо истифода бурдани усулҳои тадқиқи муқоисавию палиноморфологӣ (палипотаксономия); омӯхтани пергаи (гарди гуле, ки занбури асал ҷамъ мекунад) таркиби асал (мелиттотсалинология); муайян намудани сабаби пайдоиши баъзе намудҳои аллергия (Палинологияи тиббӣ); дар криминалистика истифода бурдани таҳлили споравию гардӣ (Палинологияи судӣ); муайян кардани усулҳои истифодаи спораю гард дар рехтагарӣ; тадқиқи қонуниятҳои паҳншавӣ ва гӯршавии (фоссилизатсияи) гарду спорадо ва инчунин таҳлили гарду спораҳои ҷинсҳои таҳшинӣ, торфҳо ва ғайра ба мақсади ҳалли масъалаҳои палеоботаника, геоморфоло­гия ва стратиграфия.

Дар Тоҷикистон низ ба туфайли тарадқиёти ге­ология Палинологияи ҷинсҳои таҳнишинии мезо­зой ва кайнозой хеле инкишоф ёфт. Палинологияи растаниҳои муосирро Институти бо­таникаи АФ РСС Тоҷикистон меомӯзад.

Ад.: Н е й ш т а д т М. И., Палиноло­гия в СССР (1952—57), М., 1060; Пахо­мов М. М., Клопотовская Н. Б„ Палинология кайнозоя Средней Азии и Кавказа (история и аннотированная биб­лиография, 1031—>1975′), Д.. 1970.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …