Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеопатология

Палеопатология

Палеопатология (аз палео… ва патология), илмест дар бораи тағйироти касалиҳои растанӣ ва ҳайвонҳое, ки замонҳои қадим дар рӯи За­мин зистаанд. Осори касалӣ ва ҷароҳат дар одам ҳам дар тамоми дав­раи ташаккули он (аз питекантрон ва неандерталиҳо сар карда) мушоҳида шуда аст. Дар натиҷаи тадқиқи палеопатологӣ сабабҳои пайдоиши касалӣ, басомади рӯйдиҳӣ ва паҳншавии онҳо, инчунин савияи дони­ши табибони халқӣ омухта • меша­вад (ниг. Тибби халқӣ).

Чунончи пеш гумон доштанд, ки сокинони Европаи Қадим ба касалии сифилис гирифтор намешуданд ва онро аз Америка овардаанд. Бозёфтҳои мӯътамад исбот кардаанд, ки аслан ин тавр нест. Сифилис аз давраи нео­лит сар карда дар Европаи Қадим баст дошт (аз ҷумла олимони советӣ Д. Г. Рохлин ва А. Е. Рубашёв ҳодисаи аз сифилис осеб дидани устухони сокини Забайкалияи асри 1 то мелодро баён кардаанд).

Палеопотология усулҳои таҳлили анатомии устухонро аз ҳафриёти археологӣ, рентгенографонии он, тадқиқи мик­роскопӣ ва усули стереомикроскопониро истифода мебарад. Музейҳои Палеопатологияи одам, ки қадимтарини онҳо дар Париж воқест, аҳамияти бузурги илмӣ доранд. Дар СССР музеи Палеопатологияи назди кафедраи рентгенология ва радиологияи Институти тиббии 1-уми Ленин­град коллексияи нисбатан бой дорад.

Ад.: Рохлин Д. Г., Болеани древних людей. (Кости людей различных эпох — нормальные и патологически изменен­ные), М.— Л., 1965; Дэрумс В. Я., Бо­лезни и врачевание в древней Прибал­тике, Рига, 1970.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …