Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеоботаника

Палеоботаника

Палеоботаника (аз палео… ва ботаника) палеофитология, як соҳаи ботаникаро гӯянд, ки растаниҳои ҳафриёти (мурдарафта)-ро меомӯзад. Вазифаи Палеоботантка масъалаҳои ҳаматарафаи тадқиқи набототи гузаштан геологӣ, классификатсияи онҳо, муқаррар намудани муносибатҳои хешии ин растаниҳо байни худ ва бо растаниҳои ҳозира, ошкор намудани паҳншавии онҳо дар рӯи Замин, инчунин қонуниятҳои иваз шудани набототи рӯи Заминро дарбар мегирад. Палеоботантка ва палеозоология якҷоя палеогнтологияро ташкил медиҳанд. Палеоботаникаи систематики, Палеоботаникаи мор­фологӣ, Палеоботаникаи флористӣ, палеоэколо­гия қисматҳои асосии Палеоботаникаанд.

Палеоботаникаи систематик ӣ систематикаи набототи гузаштаи геологиро, Палеоботаника морфологӣ сохти онҳоро, Палеоботаникаи флористӣ флораи ин ё он маҳалро дар давраи муайян ва зоҳир намудани ҷиҳатҳои муштарак ва ё фарқкунандаи онро аз флораи дигари ҳамсин, палеоэкология ша­роити зиндагии набототи гузаштаро меомӯзад. Маълумотҳое. ки ҳар яке аз ин қисматҳо ба даст меорад, дар просесси тадқиқот, қисматҳои дигар истифода мебаранд.

Ба илмҳои мустақил ҷудо кардани Палеоботаника ба дараҷаи то давраи мо дар кадом ҳолат омада расидани набототи қадима ва ба кадом узви растани (барг, мева, тухм, спора, гард, чӯб ва ғайра) мансуб будани онҳо вобаста аст. Илме, ки асосан нақши баргу поя ва дигар қисмҳои растаниҳои ҳафриётиро меомӯзад, и х т и о ф и т о л о г и я (аз юн. ichinos — нақш, пай, боқимонда) ном дорад. Эпидермаро п а л е о с т о м а т о г рафия (аз юн. Мота — сӯрохӣ), меваю тухм ва ҷапинро п а л е о д и а с и о р о л о г и я, спораю гардро палеопалинол о г и я, чӯбро палеоксилоло гия (аз юн. хуlоn — дарахт), занбуруғҳоро палеомикология ва гиёҳҳои баҳриро п а л е о ф и к о л о г и я (аз юн. phikos — гиёҳи баҳрӣ) меомӯзад.

Боқимондаи растаниҳои ҳафриёти дар шакли пораҳои санггаштаи чӯб, нақши баргҳо, қаҳрабо ва ғайра аз қадимулайём маълуманд. Дар охири асри 17 ва асри 18 диққати тамоми муҳақиққон ба муайян кар­дани растаниҳои ҳафриётӣ бо роҳи бо растаниҳои ҳозира муқоиса намудани онҳо ва тартиб додани таснифоти типҳои боқимондаи растаниҳо нигаронида шуда буд. Дар ибтидои асри 19 Э. Ф. Шлотхейм, К. М. Штерн­берг, А. Броньяр ва дигарон ба Палеоботаникаии муосир ва таснифоти растаниҳои ҳафриётӣ асос гузоштанд. Дар пешрафти Палеоботаникаи ватанӣ Я. Г. Зембинский саҳми калон дорад. Ӯ дар асарҳои худ растаниҳои ҳафриётии маълум ва усулҳои гуногуни Палеоботаникаро баён намуд. Дар ривоҷу равнақи Палеоботанткаи рус ва совети бошад, тадқиқоти Э, И. Эйхвалд, К. Е. Мерклин, И. Ф. Шмалгаузен, М. Д. Залесский, А. Н. Криштофович ва дигарон роли калон бозиданд.

Дар РСС Тоҷикистон тадқиқоти палеоботаники солҳои 30 оғоз ёфт, ки он ба коркарди натиҷаҳои эксиедисияи комплексии омӯзиши сарватҳои табиии республика зич алоқаманд аст. Соли 1941 дар назди Филиали тоҷикистонии Институти ботаникаи АФ СССР шӯъбаи Палеоботаника кушода шуд. Авва­лин тадқиқоти палеоботаникҳои рес­публика ба омӯзиши растаниҳои ме­зозой қадим ва мезозой, инчунин флораи ҳавзаи ангиштсанги Фонягноби давраи Юра бахшида шуда буд. Дар ибтидои солҳои 40 А. Н. Криштофович флораи қабатҳои болоии давраи неогени Дарвозро баён намуд. Аз солҳои 50 флораи давраи неоген ва антропогени мавзеъҳои гуногуни республика мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.

Палеолитии муосир дар баробари ҳал намудани масъалаҳои умумии назариявӣ ва амалии биологияю геология, инчунин таксонҳои алоҳидаи растаниҳои ҳафриётиро меомӯзад ва таърихи олами набототи рӯи заминро тадқиқ менамояд. Асарҳои илмӣ оид ба Палеоботаника дар СССР дар «Ботанический журнал СССР» (аз 1916), «Палеонто­логический журнал» (аз 1959) ва дигар нашрияҳои даврӣ чоп мешаванд. Дар назди Ҷамъияти умумнит- тифоқии ботаникҳо ва Ҷамъияти умумииттифоқии палеоптологҳо сексияи Палеоботаника вуҷуд дорад.

Ад.: Криштофович А. Н., История палеоботаники в СССР. Л., 1956; О в ч и н н и к о в П. Н„ Лазарева М. С., Новые материалы по неогеновой флоре Памиро-Алан, «Пав. АН Таджик­ской СССР, отд. биол. наук», в. 2 (9), 1962; Флора и растительность ущелья реки Варзобу Л., 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …