Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Охлопков Николай Павлович

Охлопков Николай Павлович

Охлопков Николай Павлович (15. 5. 1900, Иркутск — 8. 1. 1967, Мо­сква), режиссёри советӣ, Артисти Халқии СССР (1948). Аъзои КПСС аз соли 1952. Фаъолияти актёриаш аз соли 1918 оғоз ёфтааст. Соли 1922 дар Театри Иркутск «Мисте­рия — Буфф»-и Владимир Маяковскийро ба саҳна гузошт. Аз соли 1923 актёри Театри ба номи Мей­ерхолд. Солҳои 1930—37 роҳбари Театри реалистӣ, 1938—43 режиссёр ва актёри Театри ба номи Вахтангов, 1943—66 саррежиссёри Театри драмаи Москва (аз 1954 Театри ба номи Маяковский). Бештар спектаклҳои қаҳрамонию фоҷиавиро ба саҳна мегузошт.

Кор­ҳои намоёни режиссёриаш: «Мо­дар»— аз рӯи романи Максим Горкий, «Сели оҳанин» — аз рӯи асари Сера­фимович (ҳарду 1933), «Ашрофон»-и Н. Погодин (1935) — дар Театри реалистӣ; “Фулӣдмаршал Кутузов”-и В.А. Соловёв (1940), “ Сирано деБержерак»-и Э. Ростан (1942) — дар Театри ба номи Вахтангов; «Гвардияи ҷавон» (аз рӯи асари А. Фадеев, 1947), «Гамлет»-и У. Шекспир (1954), «Таърихи Иркутск»-!и А. Н. Арбузов (1960), «Медея»-и Еврипид (1961)— дар Театри ба номи Владимир Маяковский. Дар Театри калон операҳои «Мо­дар»-и Т. Н. Хренников ва «Декабристон»-и Ю. А. Шапоринро ба саҳна гузоштааст.

Аз солҳои 20 ҳамчун актёр ва режиссёри кино баромад кардааст. Ролҳои намоёнаш: Васи­лий Буслаев («Александр Невский»), Василий («Ленин дар Октябр»), ко­миссар Воробёв («Достони марди ҳақиқӣ»), Батманов («Дур аз Моск­ва»). Омӯзгори ГИТИС (профессор). Лау­реата Мукофотҳои давлатии СССР (1941, 1947, 1949 — ду карат, 1951 — ду карат). Бо ордени Ленин, 3 орде­ни дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …