Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Отатурк Мустафо Камол

Отатурк Мустафо Камол

Отатурк Мустафо Камол (1881, Салоники—.10. И. 1938, Истанбул), асосгузор ва аввалин президенти Республикаи Туркия (1923—38). Маҷлиси бузурги миллии Туркия (МБМТ) соли 1934 вақте ки барои туркҳо фамилия ҷорӣ кард, ба Камол номи Отатурк («падари турк»)-ро дод. Аз оилаи чӯбфурӯш, собиқ мансабдори боҷхона. Маълумоти миёнаи ҳарбиро дар Салоники ва Монастир (Битол) ва олиро дар Истанбул гирифт; январи 1905 Академияи Штаби генералиро низ дар ҳамин ҷо хатм намуд. Дар ҳаракати ҷавонтуркон иштирок кар­да, баъди инқилоби ҷавонтуркон соли 1908 аз комитети «Иттиҳод ва тараққӣ» баромад.

Дар ҷангҳои Италияю Туркия (1911—12), дуюми Бал­кан (1913) ва якуми ҷаҳонӣ (1914— 18) иштирок намуд. Соли 1916 рутбаи генералӣ ва унвони пошшоро шрифт. Соли 1919 ба ҳаракати миллии озодихоҳии Анатолия сардорӣ кард. Соли 1919 бо роҳбарии Отатурк дар Арзурум ва Сивас конгресси буржуазӣ-демократии «муҳофизати хуқуқ» барпо гардид ва дар Анқара (23 апрел 1920) МБМТ таъсис ёфт, ки он органи олии ҳокимият эълон шуд. Отатурк чун раиси МБМТ ва аз сентябр 1921 чун фармондеҳи олӣ ба қувваҳои миллии озодихоҳӣ дар ҷанги зидди таҷовузи Англияю Юнон роҳбарӣ кард. 23 август— 13 сентябр 1921 МБМТ ба Отатурк рутбаи маршалӣ ва унвони ғозиро дод.

Бо ташаббуси Отатурк 1 ноябр 1922 ҳокимияти султонӣ барҳам хӯрд ва Туркия республика эълон шуд (29 октябр 1923). Аз соли 1923 раиси бебадали

Партияи халқӣ (аз соли 1924 Партияи халқи-республикавӣ). Отатурк барои мустаҳкам намудани муносибати дӯстонаи Туркия ва Россияи Совети хиз- матҳои босазо кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …