Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оташдони офтобӣ

Оташдони офтобӣ

Оташдони офтобӣ, дастгоҳест барои аккумулясия ва истифода бурдани энергияи Офтоб дар пухтупаз. Унсури асосии Оташдони офтобӣ гелиоконсентра­тор (ҷамъоварандаи нури Офтоб) мебошад, ки аз як ё якчанд оина ва ё линза иборат аст. Гелиоконсентратори Оташдони офтобӣ аксаран дар шакли пара­болоид сохта мешавад. Гелиокоясентраторро ру ба самти ҳаракати зоҳирии Офтоб дошта, дастӣ идора мекунанд.

Коэффисиент амали муфиди Оташдони офтобӣ ба 55—60% мерасад. Дар СССР ҳоло аз таҷриба тадриҷан ба истифодаи Оташдони офтобӣ гузашта истодаанд. Махсусан дар республикаҳои Осиёи Миёна, ки соле беш аз 200 рӯз Оф­тоб нурпошӣ мекунад, истифодаи гелиодастгоҳҳо аз ҷумла Оташдони офтобӣ пешомадҳои калон дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …