Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Остеомиелит

Остеомиелит

Остеомиелит (аз остео… ва юнонӣ myelos — мағз), просесси газакги-рандаю сирояткунандаест, ки аввал як қисми мағзи устухон ва сонӣ унсурҳои бофтаҳои устухонро фаро ме­гирад. Остеомиелит ду хел мешавад; ғ а й р и  м а х с у с (коккҳои фасодовар ва баъзан бактерияҳои рӯда ба вуҷуд меоранд) ва махсус (силӣ, сифилисӣ ва ғайра). Остеомиелити ғайримахсус бештар маълум аст. Вай ба таври гематогенӣ (барангезандаи вай дар хун), бо роҳи аз узвҳо ва бофтаҳои дигарпи бемор ба устухон гузаштани барангезанда (Остеомилити дуюмин) ва ё дар натиҷаи сирояти экзогении ҷароҳати устухон ба вуҷуд меояд.

Аксар вақт устухонҳои ковоки найшакл, ангуштон, ҷоғҳо, устухони чакка иллат меёбанд. Остеомиелит дар ҳамаи синну сол ба вуҷуд омада метавонад. Ҳавгоми Остеомиелит ҳарорати бадан баланд шуда, ҷои иллатёфта сахт дард мекунад. Минбаъд бофтаҳои зоҳирӣ тағйир меё­банд ва пуст сурх шуда варам мекунад. Дар охир секвестрҳо (участкаҳои қабатҳои кортикалии ҳуҷайраҳояш мурдаи устухон) ҳосил мешаванд. Баъзан секвестрҳои майда ҳамроҳи фасод берун мешаванд. То чӣ андоза вазнин будани беморӣ ва корношоям будани касалро айнан аз рӯи секвестрҳо муайян мекунанд.

М у о л и ҷ а: истеъмоли антибиотикҳо; таъмин намудани беҳаракатии узви бемор; ҳангоми Остеомиелити музмин гирифта партофтани секвестр ва ғайра.

Адабиёт: Ч а к л и н В. Д., Инфекционные заболевания костей, суставов и хрящей Свердловск, 1937; Венгеровский И. С.. Остеомелит у детей. Москва, 1964.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …