Орзуқ, о з у қ, як навъ хӯроки миллии тоҷикист. Ба орди гандум хамиртуруш андохта хамир мешӯранд. Ба хамираш тухм ва равған низ ҳамроҳ мекунанд. Баъдя 15—20 дақиқа, дам додан хамирро хурд-хурд бурида, завола мегиранд ва чормағзвор кулула мекунанд.
Сипас онро дар равған бирён карда ба табақ мегиранд ва баъзан ба рӯяш шакар мепошанд. Орзуқро бештар дар рӯзҳои ид ё маърака тайёр мекунанд. Ҳамчун тӯшаи роҳ низ истифода мебаранд.
Адабиёт: Аминов С., Вануневич А., Таомҳои тоҷикӣ, Душанбе, 1967.