Маълумоти охирин
Главная / Илм / Орхит

Орхит

Орхит (аз юнонӣ orchis — хоя), илтиҳоби хояи одам. Аксар вақт чун боди бемориҳои сироятӣ (ханозир, грипп, сӯзок, тиф, бруселлёз, сил ва ғайра) ва латхӯрии хоя ба вуҷуд меояд. Беморӣ тез cap мешавад (ҳарорат баланд ва хоя калон шуда, сахт дард мекунад). Орхит одатан баъди 2—3 ҳаф­та хомӯш мегардад, баъзан мумкин аст фасод пайдо шавад ва ҳатто хоя нобуд гардад, вале Орхити музмин суст давом карда, аломатҳояш чандон равшан зоҳир намешаванд.

Муолиҷа: оромӣ, истифодаи воситаҳои рафъи дард, антибиотикҳо ва ғайра; ҷарроҳии ҷои фасод пайдокарда; ҳангоми такрор ба такрор да­вом кардани беморӣ гирифта партофтани хояи осебдида.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …