Оромӣ, с у к у н, дар фалсафа ҳолатеро гӯянд, ки акси ҳаракат аст. Материализми диалектикӣ баробари ҳаракатро хосияти куллии ашё донистан иқрор аст, ки дар табиат ба андозае ва ба ҷиҳате оромию сукунат низ ҷорист. Вале ҳаракат мутлақ, Оромӣ бошад нисбист, зеро вай танҳо дар ягон вақти муайян ва фақат нисбат ба ягон шакли ҳаракати материя ҷой дорад. Ин ақида аз афкори ҳам файласуфони метафизик (онҳо хосияти куллӣ будани ҳаракатро инкор карда, Оромиро мутлақ мешумориданд) ва ҳам тарафдорони релятивизми фалсафӣ (онҳо Оромӣ, сукун ва бақои ашёро комилан инкор мекунанд) принсипан фарқ мекунад.
Дар афкори мутафаккирони Шарк, аз ҷумла Ибни Сино ва дигар намо- яндагони, мактаби машшоъ Оромӣ ба ду маъно истифода шудааст. Моҳияти маънои аввали он дар афкори пантеистии онҳо роҷеъ ба назарияи судур ифода ёфтааст, ки он аз эътирофи дар хориҷи ҷисм вуҷуд доштани муҳаррик иборат аст, яъне олам умуман қабл аз пайдоишаш дар ҳолати билқуввае худ Оромӣ ва сукун вуҷуд дошт ва бо таъсири муҳаррик ҳолати билфеъл, яъне ҳаракатро ба худ пазируфт. Ғояи ин таълимот бар хилофи ақидаҳои динӣ, ки ҳаракатро офаридашуда мепиндоштанд, азалӣ будани онро собит кардааст.
Маънои дуюми Оромӣ ва сукун дар шаклҳои ҳаракат (табиӣ, қасрӣ, аразӣ ва ғайра) зоҳир мегардад. Macалан, Ибни Сино дар боби навъҳои ҳаракат зимни баёни манбаъҳои он овардааст, ки агар ба ҷисме таконе дода шавад, дар сурати муқовимат надоштан беинтиҳо ҳаракат мекунад. Аз ин ҷо чунин хулосае бармеояд, ки чун ҷузъҳои макон ба ҳаракат халал мерасонанд, он ба худ ҳолати Оромӣ мегирад. Дар ин бобат ӯ навиштааст «…ҳар қувва, ки ҳаракати мустақим аз он ношӣ мебошад, сукуни он дар расидан ба ин ғоят аст, чи ин ҳаракат ҷӯёни он сукун аст» (Ибни Сино; Осори мунтахаб, ҷилди 1, Душанбе, 1980, саҳифаи 320). Чунин назариёти мутафаккирро дар баёни навъҳои ҳаракати аразӣ низ мушоҳида намудан мумкин аст.
Материализми диалектики хосияти мутлақ доштани ҳаракат ва нисбӣ будани Оромиро эътироф менамояд. Ҳаракат дар табиат хосияти ҷисмҳо дониста шуда, Оромӣ чун муносибати байни ҷисмҳо ташхис дода мешавад. Дар физикаи муосир ҷиҳатҳои нави мафҳумҳои ҳаракат ва Оромӣ (махсусан дар назарияи нисбият ва механикаи квантӣ) ошкор карда шудааст.