Органҳои сиёсӣ д а р Қ у в в а ҳ о и Мусаллаҳи СССР, органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммнунистии Иттифоқи Советӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР. Вазифаҳои Органҳои сиёсӣ иҷрои корҳои сиёсй дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, муттаҳид намудани онҳо дар атрофи КПСС ва Ҳукумати Советӣ, тарбияи ҳайати шахсӣ дар руҳи садоқати бепоён нисбат ба Ватани Советӣ, ба кори коммунизм; омода будан ба ҳимояи Иттифоқи Советӣ ва мамлакатҳои иттиҳоди сотсиалистӣ, ба ҳифзи музаффариятҳои револютсия ва кори сотсиализм.
Корҳои ташкилӣ ва идеологии Органҳои сиёсӣ ба мустаҳкам намудани тайёрии ҷангии қӯшунҳо, такомули таълими ҷангии онҳо, таъмини интизоми хуб ва устувории ахлоқию шахсӣ равона карда мешаванд. Ба корҳои партиявию сиёсӣ ва фаъолияти Органҳои сиёсӣ Космитети Марказии КПСС тавассути Саруправленияи сиёсии Армияи Советӣ (ГЛАВПУ) ва ФҲБ родбарӣ мекунад. Органҳои сиёсӣ правленияҳои сиёсӣ ва шуъбаҳои сиёсиро Вазорати Мудофиаи СССР ва ГЛАВПУ дар навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, округҳо, гурӯҳи қӯшунҳо, флотҳо, соединенияҳо ва донищгоҳҳои ҳарбӣ вобаста ба сохти муқаррар намудаи Комитети Марказии КПСС таъсис мекунанд.
Кормандони Органҳои сиёсӣ интихобӣ нестанд, онҳоро таъин мекунанд. Органҳои сиёсӣ байни оммаи хизматчиёни ҳарбӣ корҳои асосиро мебаранд, ҳамроҳи командирон мусобиқаи сотсиалистӣ ташкил менамоянд, иқдомоти ватандӯстонаро дастгирӣ ва инкишоф дода, таҷрибаи мусбати таълиму тарбияро ҷамъбаст мекунанд ва вусъат медиҳанд. Управленияҳои сиёсӣ дар назди управленияҳои сиёсии навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ГЛАВПУ ҳисобот ва оид ба кори советҳои ҳарбӣ маълумот медиҳанд; шуъбаҳои сиёсии соединенияҳо бошанд, дар назди Органҳои сиёсии болоӣ ҳисобот медиҳанд. Таърихи пайдоиши, Органҳои сиёсӣ бо ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ алоқаманд аст. Аввали соли 1918 дар назди
Коллегияи умумироссиягӣ оид ба ташкили Армияи Сурх шуъбаи ташкилӣ-агитасионӣ таъсис карда шуд. Декабри 1918 Совети Харбии револютсионии (СҲР) Республика оид ба Органҳои сиёсӣ низомнома баровард. Апрели 1919 ба ҷои Бюрои умумироссиягии комиссарони ҳарбӣ Шуъбаи Сиёсии СҲР-и Республика ташкил гардид ва он 15 май ба Управленияи сиёсии СҲР табдил ёфт.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) КПСС ба Органҳои сиёсии армияи амалкунанда кормандони беҳтарини худро фиристод. Дар солҳои баъдиҷангӣ шабакаи Органҳои сиёсӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ васеъ гардида, сохти онҳо такмил ёфт. Соли 1967 дар Қувваҳои Мусаллаҳ управленияҳои сиёсӣ, дар як қатор навъҳои қӯшун шӯъбаҳои сиёсӣ ташкил карда шуданд. Дар тамоми давраҳои сохтмони ҳарбӣ Органҳои сиёсӣ сиёсати КПСС-ро собитқадамона ба ҳаёт татбиқ карданд ва минбаъд ҳам татбиқ хоҳанд кард.