Маълумоти охирин

Омул

Омул, Ому, Омӯй, Омуя, шаҳр ва вилояти Хоразми Қадим, қалъа дар соҳили чапи дарёи Аму. Омул номи худро аз номи дарёи Аму (Ому) гирифтааст. Омул аз замони юришҳои Искандари Мақдунӣ вуҷуд дошт. Асоситарин гузаргоҳ аз дарёи Аму дар назди Омул воқеъ буд.

Тавассути он аз шаҳри Омул роҳи байни Мовароуннаҳру Хуросон мегузашт, ки ин боиси дар Омул инкишоф ёфтани савдои дарунию берунӣ, иқтисодиёту маданият ва обод шудани шаҳр гардид. Омул дар муборизаи зидди истилогарони араб ва ҷангҳои байни Хоразм- шоҳиёну Сомониён мавқеи калон доштааст. Дар ахди Темуриён Омул Чорҷӯй ном гирифт.

Адабиёт: Бартольд В. В., Соя., том 2, ҷилди. 2, Москва, 1904.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …