Маълумоти охирин

Олаш

Олаш, бук (Fagus), ҷинси дарахтест аз оилаи олашиҳо. Баландиаш то 50 метр, диаметри танааш 2 метр. Дар ноҳияҳои ғайритропикии Нимкураи шимолӣ 10 намуди Олаш мерӯяд, дар СССР бошад, 3 намуди он.

Баргаш содда, одатан бедандона аст. Баробари баргбарорӣ гул мекунад. Аз 20—40-солагӣ мева медиҳад. Мевааш ҷал0ӯзамонанд (финдиқ) аст, пӯчоқи сахт дорад.

Олаш дарахти соя ва гармипарвар аст. Дар кӯҳсор то баландии 2300 метр аз соҳили баҳр мерӯяд. Олаш бешазори якҷинса ва омехтаро ҳосил мекунад, ки бештар аз 400 сол вуҷуд дошта ме­тавонанд.

Чӯби Олаш мустаҳкам, вазнин буда, ба обу нами тобовар аст ва онро ба­рои тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ, фанер, паркет, мебел, метанол ва ғайра истифода мебаранд. Мевааш алкалоиди заҳрноки фагин дорад; хангоми бирён кардани мева алкалоиди заҳрнок зуд вайрон мешавад. Аз меваи Олаш равғани хӯрокӣ ва техникӣ мегиранд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост.

Адабиёт: Деревья и кустарники СССР, том 2. Москва—Ленинград, 1961.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …