Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Окинава

Окинава

Окинава, ҷазираи калонтарини талаҷазираи Рюкю дар Япония. Ҷазира- ро уқёнуси Ором ва баҳри Шарқи Хитой иҳота кардаанд. Тулаш аз Шимол Шарқ ба Ҷануби Ғарб 110 километр, масоҳат 1254 километр2.

Соҳилҳои Окинава каҷу килеб буда, бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудаанд. Қисмҳои шимоли шарқӣ ва марказии ҷазираро кӯҳҳои паст (баландиашон то 498 метр) ишғол кардаанд; территорияи боқимондааш пасту ҳамвор аст. Иқлимаш тропи­кӣ, муссонӣ. Боришоти солона то 2000 милиметр. Тобистон ва тирамоҳ зуд-зуд тӯфон мешавад.

Ҷазира қисман бо бешаҳои сернами тропикӣ ва буттаю гаравзор пӯшидааст. Дар Окинава шолӣ, батат, найшакар кишт ва растаниҳои ситрусӣ парвариш мекунанд. Шаҳри асосӣ ва бандараш — Наха. Окинава солҳои 1945—71 дар тасарруфи ШМА буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …