Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Одоевский Владимир Фёдорович

Одоевский Владимир Фёдорович

Одоевский Владимир Фёдорович (13. 8. 1803, Москва — И. 3. 1869; ҳамон ҷо), нависанда, файласуф, педа­гог ва мунаққиди мусиқии рус. Дар пансиони ашрофопи Университети Москва маълумот гирифт (1816—22). Ӯ муассис ва раиси ташкилоти ҳикматдӯстон («Любомудри») буд (1823—25). Солҳои 1824—25 ҳамроҳи В. К. Кюхелбенер алманахи «Мнемозина»-po нашр мекард; яке аз ҳодимони асосии журнали «Московский вестник» ва муҳаррирони «Современник» буд (1827—30). Соли 1826 ба Петербург омад.

Аз соли 1846 ёрдамчии директори Китобхонаи оммавӣ ва директори Музеи Румянсев, аз соли 1861 сенатор дар Москва. Фаъолияти ҷамъиятин Одоевский басо рангин аст: ӯ яке аз ташкил- кунандагон ва фаъолони асосии Ҷамъияти хайрия, ношири журнали «Сел­ское чтение» (барои деҳқонон) буд, ислоҳоти солҳои 60-ро фаъолона тарафдорӣ мекард. Афкори фалсафию эстетнкии Одоевский зиддиятҳои бисёре дорад. Ӯ, ки дар мухити ҷараёни расионалистию маорифпарварӣ тар­бия ёфта буд, баъдтар ба таъсири фалсафаю эстетикаи идеалистин немис, алалхусус, Ф. В. Шеллинг афтод.

Одоевский дар ҷодаи адабиёт анъанаҳои ҳаҷии маорифпарваронро идома дод, масалҳою повестҳои дидактикӣ («Бригадир», 1833; «Княздухтар Зизи», 1834; «Княздухтар Зизи»-ро 1839) таълиф кард ва ҳамчун устоди повестҳои фантастикию романти­кӣ («Бадеҳагӯ», 1833; «Силфида», 1837; «Саламандра», 1840; «Космора­ма», 1840) шӯҳрат ёфт. Муаллифи якчанд асари нотамом: романи ил- мию фантастикии «Соли 4338» (нашр 1926), романҳои «Иордан Бруно ва Петр Аретино», «Самарагӣ», «Шабҳои рус».

Аз миёнаи солҳои 40 аз адабиёт даст кашид. Одоевский яке аз асосгузорони илми мусиқишиносии классикии рус мебошад. Дар фаъолияти Ҷамъияти мусиқии рус ва ташкили Консерваторияҳои Петербургу Мос­ква иштирок доштааст. Муаллифи як силсила осори мусиқист. Одоевский яке аз педагогҳои намоёни руси асри 19 буда, бисёр китобҳои дарсӣ, осори сершумори методӣ ва пандномаҳо таълиф кардааст.

Основание: Музыкально-литературное насле­дие, Москва, 1956; Повести и рассказы, Москва 1959; О литературе и искусстве. Москва. 1982.         ’

Адабиёт: История русской литературы 19 века. Библиограф указатель, Москва— Ленинград, 1962.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …