Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Обхӯраи чарогоҳи

Обхӯраи чарогоҳи

Обхӯраи чарогоҳи, пункт и о б х ӯ р а, майдончаи ҷиҳозонидашуда барои обдиҳии ҳайвонот. Обхӯраи  чарогоҳиро дар чарогоҳ ва дар сари роҳҳои чорвогузар барпо мекуванд. Барои он ки об дар Обхӯраи чарогоҳӣ муддати зиёд наистад, майдончаро аз манбаи об (чох, ҳавз, дарё, кӯл, обанбор, ка­нал) андаке нишеб (0,05°) месозанд ва фарши онро бо регу сангреза ё санг рӯпӯш карда мустаҳкам менамояд.

Обхйраи чарогоҳӣ бо обкашак (агар ба майдонча об худаш ҷорӣ нашавад), зарфи об (барои як шаборӯз) ва бо нова ҷиҳозонида мешавад. Обхӯраи чарогоҳии сайёрро ҳам истифода мекунанд, ки он аз систернаю автоприсеп ва обхӯраи автоматӣ (нигаред Обхӯра) иборат аст. Дар чарогоҳҳо масофаи байни Обхӯраи чарогоҳӣ ба ҳаҷми хӯроки чарогоҳҳо, системаи он, намуди ҳайвон ва релефи маҳал вобаста аст (вале аа 2—8 километр зиёд набошад).

Адабиёт: Бабенко И. И. Водоснабжение животноводческих ферм. Москва. 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …