Обуна, пешакӣ ғун кардани заказҳо ба асарҳои чопшуда — матбуоти даврӣ (газета, журналҳо), нашри китобҳои бисёрҷилда ва ғайра. Обуна барои дуруст муайян кардани адади нашр имкон медиҳад. Дар СССР Обуна ба газета, журналҳо дар шуъбаҳои алоқаи почта, корхона, муассисаҳо ва ғайра ба китобҳои нашрӣ дар магазинҳои китоб гузаронида мешавад.