Маълумоти охирин
Главная / Илм / Объективизм

Объективизм

Объективизм, усули омӯзиши воқеият, ки даъвои «бетарафӣ» до­рад ва худдорӣ кардан аз муҳокимаи илмию танқидӣ дар бораи мақому мақсади масъалаҳои аҳамияти идеологӣ дошта, махсусан хулосаҳои назариявӣ ва партиявӣ (нигаред Партиявият) модияти он аст. Объективизм даъвои объективияти донишро дош­та бошад ҳам, дар асл донишро на танҳо маҳдуду танг месозад, балки доираи инкишофи субъективизми иҷтимоию синфиро рупӯш менамояд.

Намояндагони Объективизм бисёр масъалаҳои моҳияти синфӣ доштаро ғайрисинфӣ ва бепартиявӣ ҳисобида, дар асл ба бепринсипӣ ва таҳрифи воқеияту ҳодисоти объективӣ роҳ медиҳанд, дар амал аз зиддиятҳои синфӣ ва иҷтимоӣ сарфи назар мекунанд. Объективизм маънои ба идеологияи ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ созиш намуданро дорад.

Объективизм субъектҳои таърихиро бозичаҳое медонад, ки гӯё онҳо аз тарафи омилҳои бешахс роҳбарӣ карда мешаванд. Объективизм дар соҳаи санъат барои аз зиддиятҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои ахлоқ ҷудо кардани асари бадеӣ, маҳрум кардани он аз роли фаъоли гражданӣ мекӯшад.

В. И. Ленин зимни танқиди ақидаҳои «марксистони легалӣ»— П. В. Отруве, М. И. Туган-Барановский ва ғайра мафҳуми « Объективизм »-ро таҳқиқ намуда, зикр кардааст, ки материа­лизм «…партиявиятро дар бар гирифта, касро водор мекунад, ки дар вақти баҳо додан ба ҳар ҳодиса рӯйрост ва ошкоро дар нуқтаи назари гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ истад» (Acарҳо, ҷилди 1, саҳифаи 465). Объективизм дар фалсафаи муосири буржуазӣ тамоми бадбахтӣ ва зиддиятҳои иҷтимоиро нати­ҷаи инкшпофи техника ва мошинҳои мураккаб дониста, сабабҳои воқеии ҳодисаҳоро рӯпӯш мекунад.

Фалсафаи марксистӣ таълим медиҳад, ки Объективизм  ҳам ба мисли субъек­тивизм моҳияти ҳодиса ва воқеаҳои иҷтимоиро дуруст ошкор намекунад ва намояндагони он низ ҳарчанд назарияашонро фавқуссинфӣ ва комилан илмӣ шуморанд ҳам вазифаи муайяни синфӣ ва иҷтимоӣ дошта, билохир манфиати буржуазияро ҳимоя мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …