Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обанбори РИБИНСК

Обанбори РИБИНСК

РИБИНСК, обанборест дар дарёҳои Волга ва Шексна, дар территорияи вилоятҳои Ярославл, Вологда ва Калинин. Ба муносибати сохта шудани гидроузели Рибинск ба вуҷуд омадааст (1941 —1947). Масоҳаташ 4580 км2, ҳаҷми об 25,4 км3; ҷои аз ҳама сербараш 60 км, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 5,6 м. Рибинск барои танзими мавсимии ҷараёни об аҳамияти калон дорад.

rybinskoe_vodohranilische

Обанбор бо мақсадҳои энергетика ва нақлиёти обӣ (Он як қисми роҳи обии Волгаю Балтика аст) сохта шудааст. Аз Рибинск моҳӣ мегиранд. Дар соҳилҳои он шаҳрҳои Череповетс, Весегонск, Углич, Пошехоне-Володарск в Андропов воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …