Маълумоти охирин

Нӯшервон

Нӯшервон дар адабиёти паҳлавӣ, адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик, таърихҳои исломӣ ва ғайра образи шоҳи идеалӣ, одилу раиятпарвар. Манбаи пайдоиши ин образ шахси таърихӣ — подшоҳи cocoнӣ Хусрави I Анӯшервон аст. Зардуштияи рошидӣ, асарҳои динии зардуштие, ки ба забони форсии миёна (паҳлавӣ) иншо шудаанд, қадри ӯро баланд бардоштаанд. Хамин анъана дар давраҳои мнибаъда вобаста ба шароитҳои нави иҷтимоию сиёсӣ идома ёфта, ба рангу мазмунҳои дигар зуҳур кардааст. Тавассути тарҷумаи осори пақлавӣ ба забони арабӣ образи Нӯшервон ба асарҳои таърихнависони исломӣ дохил гардид.

Ба шакли мукаммал Нӯшервон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тасвир ёфтааст: Нӯшервон баҳои падараш Қубод ба тахт ни­шаста, дар фаъолияти худ раият- парвариро пеш гирифт. Нӯшервон сардорону ҳокимони кишварашро панд дода, онҳоро ба роҳи адолат ҳидоят мекард. Вай инчунин ислоҳоти зиёде дар хироҷгузорӣ, корҳои ҳарбӣ ба анҷом расонид. Фирдавсӣ инчу­нин аз кишваркушоиҳои Нӯшервон дар Рум, юриши ӯ ба муқобили ҳантолиён ва Хоқони Чин хабар додааст. Саргузашту воқеоти фаровоне ҳангоми хукмронии Нӯшервон ба вуқӯъ пайвастаанд, ки ҳар яки онҳо қиссаи алоҳида ва достоне мебошад: боре писари Нӯшервон Нӯшзод қасди ҷони падар мекунад; аз Марв ҷавони донандаи Авесто ва Занд — Бузарҷмеҳр (Бузургмеҳр) ба дарбор омада хоби Нӯшервонро таъбир мекунад ва вазири донову ботадбире мешавад; Бузургмеҳр сирри бозии шатранҷ (шоҳмот)-ро пайдо карда худ бозии нардро ихтироъ мекунад, ки донишмандони дарбори шоҳи Ҳинд дар кушодани он дарме- монанд ва шоҳи Ҳинд мақбур меша­вад ба Эрон хироҷ бидиҳад. Ривоятҳои Фирдавсӣ, ҳикоятҳои асарҳои таърихӣ ва наклу достонҳои халқӣ боиси боз ҳам васеътар роҳ ёфтани қиссаи Нӯшервон дар адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик гардид. Масалан, дар «Махзан-ул-асрор*-и Низомии Ганҷавӣ барои ифодаи ақидаҳои адлу

додхоҳӣ дар бораи Нӯшервон якчанд ҳикоёт оварда шудаанд. Ин равия дар чан- де аз достонҳои манзуму мансури намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик идома ёфтааст. Дар асарҳои пандуахлоқӣ низ қиссаи Нӯшервон оварда мешавад. Масалан, муаллифи «Қобуснома» Унсурулмаолии Кайковус, ки шаҷараи авлодии худро ба Нӯшервон мерасонад, дар боби 8-уми асараш пандҳои Нӯшервони Одилро меорад, ки мувофиқи ривоят онҳо дар дахмаи ӯ ба забони паҳлавӣ сабт гардида буданд. Қиссаи Нӯшервон ба эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ роҳ ёфтааст. Дар бо­раи Нӯҳервон афсона, нақлу ривоят, ҳикоятҳои хурди пандуахлоқӣ, латифаҳо ва ғайра офарида шудаанд.

Адабиёт: Абулкосими Фирдавсӣ, Шоҳнома. ҷилди 8, Душанбе, 1966.  М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …