Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нуруддини Ибни Абдураҳмон

Нуруддини Ибни Абдураҳмон

Нуруддини Ибни Абдураҳмон Ибин Абдулқодири Гӯянда (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, навозанда ва бастакори асри 15 форс-тоҷик. Писари Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ). Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст.

Дар санъати сарояндагй, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари машҳури худ «Ҷомеъ-ул-алҳон»-ро ба ӯ бахшидааст. Муддате дар дарбори ҳокимоии турки усмонӣ хизмат кард ва рисолаи мусиқии илмӣ-назариявии «Мақосид-ул-адвор»-ро дар пайравии падараш таълиф намуд. Аз санъаткорони турк шогирдони зиё­де дошт, пас аз вафоти ӯ писараш Абдулазизи Мароғӣ анъанаҳои ӯро давом дод.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …