Нурии Табрезӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Бино ба қавли Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ ғазалсаро буда, ғазал бисёр гуфтааст. Аз рӯи ишораи Соммирзои Сафавӣ (дар «Тӯҳфан Сомӣ») Нурии Табрезӣ «қасида бисёр гуфта, хеҷ касро дар шеър қабул надорад». Вале девон доштани ӯ дар ягон сарчашма ишорае нашудааст. Матлае аз як қасидаи ӯ:
Эй хуш он соқӣ, ки моро ҷоми беҳушӣ диҳад,
То зи мастӣ як замон моро фаромӯшӣ диҳад..