Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нумератсия

Нумератсия

Нумератсия (лот. numeratio, аз numero — мешуморам), 1) маҷмӯи усулҳои номгузорӣ ва бо рақамҳо ифода намудани ададҳо. Принсипи нисбатан мукаммали Нератсияи ададҳо принсипи позитсионӣ мебошад, ки мувофиқи он ҳамон як адад (рақам) вобаста ба мавқеи худ қиматҳои гуногунро нишон медиҳад. Ин гуна системаи ҳисоб (системаи Нумератсия) ба он асос карда мешавад, ки n-то воҳид (асоси системаи ҳисоб) як воҳиди разряди дуюми ҳамин системаро п- то воҳиди разряди дуюм як воҳиди разряди сеюмро ташкил медиҳад ва ғайра.

Ба сифати асоси системаи ҳисоб ҳар гуна адади аз як калонро қабул кардан мумкин аст. Яке аз он системаҳон ҳисоб системаи ҳисоби даҳӣ (асосаш 10) аст. Дар он барои ифо­да намудани даҳ адади аввал рақамҳои 0, 1, 2… 9 истифода мешаванд. (ниг. Системаи ҳисоби даҳӣ, Рақамҳо). 2) ифодаи рақамии предметҳоест, ки пай дар пай ҷойгир шудаанд. Нумератсияи саҳифаҳои китоб, дастнависҳоро пагина тсия низ меноманд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …