Нумератив (аз лот. numero — мешуморам), калимаву ҳиссачаҳои махсусе, ки ба шумора ҳамроҳ омада, шумори предметҳоро таъкид менамоянд. Масалан: нафар, cap, адад, дона, ҷуфт, банд, бех, даста, -то, -та ва ғайра. Нумеративи нафар бо исмҳое, ки шахсро далолат мекунанд, cap бо калимаҳое, ки ҳайвонотро нишон медиҳанд, адад, дона ва ғайра бо калимаҳое, ки предметҳои беҷонро далолат мекунанд, истифода мешаванд.
Нумеративҳо (ҳиссачаҳои)-то, -та бо шумораҳои бо ҳарф ифодашуда якҷоя, бо шумораҳои бо рақам ифодашуда бо дефис навишта мешаванд. Нумеративҳо хосиятҳои предмету ашёҳо — ҳадду вазну ғунҷоиш ва ғайраро ифода менамоянд. Таркиби ибораҳои Нумеративдор ба шакли шумора — нумератив — предмет, алоқаи байни калимаҳо ҳамроқӣ мебошад.