Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқси инкишоф

Нуқси инкишоф

Нуқси инкишоф аномали­яи и н к и ш о ф, инҳирофи сохти мӯътадили организм дар просесси инкишофи дохилибатнӣ ё баъди та­валлуд Нуқси инкишоф аз таъсири омилҳои ирсӣ (нигаред Бемориҳои ирсӣ) ё зарарнок (алкогол, диабети модар, бемориҳои вирусӣ ё паразитии модар ё ҷанин ва ғайра), ки ба эмбрион (ҷанин) бевосита таъсир мерасонанд, ба вуҷуд меояд. Бисёр сабабҳои пайдоиши Нуқси инкиҳофи одам пурра омӯхта нашудааст. Таъсири омилҳои зарарнок ҳангоми эмбриогенез боиси маҳви бофтаҳо ва пайдоиши нуқсҳои гуногун — тамоман инкишоф наёфтан (агенезия), ба қадри даркорӣ инкишоф наёфтан (гипогенезия) ё аз ҳад зиёд инкишоф ёфтани (гипергенезия) ин ё он узв мегардад.

Нуқси инкишоф тоқа ва сершумор (аксар дучанд) мешавад. Нуқси инкиҳофи тоқа (масалан, чоки лаб, серпанҷагии даст ё пой ва ғайра) дар натиҷаи ихтилоли шаклгирии як узв ва Нуқси инкишофи сершумop дар натиҷаи нодуруст инкишофёбии ду ва ё якчанд ҷанин ба амал мео­яд. Ба Нуқси инкишофи дучанд дугоникҳои бо ҳам пайваст — ксифопагҳо (дугоникҳои бо қафаси дил бо ҳам пай­васт), сигопагҳо (дугоникҳои бо кос бо ҳам пайваст) ва ғайра мисол мешаванд. Аз узвҳои дохилӣ ба Нуқси инкишоф ак­сар вақт узвҳои системаи дилу paг ва системаи асаби марказӣ дучор мешавад. Macалан, гидросефалияи модарзодӣ, микросефалия ва ғайра.

П е ш г и р й: барои инкишофи ҷанин муҳайё кардани шароитҳои мӯътадил.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …