Маълумоти охирин

Новус

Новус (сағона, мақбара). Як қатор навъ дамхае, ки аҳли зардуштия аз гил, хишт ё санг сохта, устадонро дар он нигоҳ медоштанд. Мувофиқи таълимоти зардуштия майитро ба замин дафн кардан, ба об партофтан, сӯзонида манъ буд.    Ҷасадро ба рӯи сангреза ва ё peг гузошта, гушти онро ба даррандагон мехӯронданд ва устухонашро ба ус­тадон ё хуму хумчаҳо андохта ба Новус мегузоштанд. Новус ба охури дароз монанд буда, бараш 1,5 м меомаду аз чор тараф девори паст дошт, болояш гумбазпӯш буд. Новусҳо дар атрофи Хо­резм, Самарқанд ва зиёда аз 50-тоаш дар Панҷакенти Қадим ёфт шуд.

Ад.: Борисов   А. Я., Означения слова «наусй, ТОВЭ, 1940, т. 3; С т а в и- с к и й Б. Я., Большаков О. Г., МончадскаяЕ. А., Пянджикентский некрополь, МИА М 37, М.— JI., 1953.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …