Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Новосибир

Новосибир

Новосибир (Назираҳои Новосибир), галаҷазираест дар шимоли соҳилҳои Сибири Шарқӣ, байни баҳрҳои Лаптевҳо ва Сибири Шарқӣ, дар ГАСС Ёқут. Се гурӯҳи ҷазираҳоро дар бар мегирад: ҷазираҳои Ляхов (6,1 ҳазор км2), ҷазираҳои Анжу ё Новосибирск (29 ҳазор км8) ва ҷазираҳои Де-Лонг (қариб 228 км8). Қисми зиёди галаҷазираи пастӣ буда, асосан аз таҳнишастҳои ковок ва қисми ғарбиаш аз оҳаксангу варақсангҳо таркиб ёфтааст. Нуқтаи баландтарини Новосибир 374 м (канали Малакатин-Тас дар ҷазираи Котелний). Иқлими ин ҷо арктикӣ, ниҳоят хунук. Набототаш арктикию тундрагӣ. Кӯлҳо бисёранд. Аввалин маълумотҳоро доир ба Новоросийск аввали асри 18 казак Я. Пермяков дода буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …