Нотанависӣ, нотатсия, системаи аломатҳои хаттии шартист, ки усули навишти хос дошта, овозҳои мусиқиро ифода мекунад. Усули Нотанависӣ имрӯза маҳсули ҷустуҷӯйҳои зиёди илми ва амалин халқҳои гуногун дар тӯли қарнҳо мебошад. Дар Мисри қадим овозҳои мусиқиро бо усули пиктографӣ (тасвирӣ) ифода мекарданд. Дар Бобулистон усули идеографи (ҳузвориши)-и навишти овозҳои мусиқии бо ёрии хатҳои мехӣ маъмул буд. Баъдтар барои ифодаи овозҳои мусиқӣ системаи ҳарфиро истифода бурдаанд, ки он бидуни дарозӣ танҳо баландии овозро ифода мекард. Ин усул дар Юнони Қадим расм шуда, то асри 10 (яъне то вақти бо ҳарфҳои лотинӣ иваз шудан) вуҷуд дошт. Ба системаи ҳарфии Нотанависии Осиёи Миёна Абунасри Форобӣ (асри 10) асос гузоштааст, ки он нисбат ба усули Нотанависии Юнон хеле мукаммал буда, қаторовозҳои дар диапазони ду октава амалкунандаи созҳои мусиқӣ (уд)-ро ифода мекард. Агар ҳарфҳои системаи мазкурро ба алифбои ҳозираи тоҷикӣ гардонда, баландии овозро дар нота акс намоем, чунин шакл мегирад:
Усули мазкур ва намудҳои дигари Нотанависӣ, аз ҷумла аломатҳои шартӣ — к р ю к ҳ о и мусиқии калисоии рус, бидуни хатҳои нота навишта шуда, асосан баландии овозро ифода мекарданд. Дар асрҳои миёна барои Нотанависӣ аломатҳои махсус — н е в м ҳ о маъмул гардид, ни он дар болои матн навишта шуда, барои дарки оҳанги суруд хизмат мекард. Невмҳо баландии овозро дақиқ ифода карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, дар асри 11 мусиқишиносӣ италиявӣ Гвидо д’ Арессо системаи хатҳои нотаро (4 хат) кашф кард, ки он тимсоли усули Нотаи имрӯза мебошад. Дар давраҳои минбаъда миқдори хатҳои нота ба 5 расида, ҷои невмҳоро аломатҳои нотавии ҳозира ишғол карданд. Дар такомули Нота табулатураҳо, ки дар як қатор мамлакатҳо қабул гардида буд, мавқеи калон пайдо кард. Дар Осиёи Миёна Адулмуъмини Урмавӣ дар асоси пардаҳои уд ду навъи Нота— табулатураро офарид. Ин табулатураҳо шакли ҷадвалро (схема) дошт. Дар якумаш 9 давр — вобаста ба оҳанг дар шакли катакчаҳо ифода ёфта, пардаҳояш бо ҳарфу рақам ишора шудааст. Схемаи мазкур дар алифбои ҳозира шакли зеринро мегирад.
Ҳарфхои ҷадвал баландии овози оҳанг ва рақамҳо — нисбатҳои усули доираи «Сақили аввал»-ро иншон медиҳанд. Навъи дуюми табулатураи Абдулмӯъмини Урмавӣ (ҳарф ва нуқтаҳо дар катакҳои уфуқӣ ҷой гирифтаанд), аз понздаҳ давр иборат аст. Як қисми табулатураҳоро (се даври онро) ба алифбои имрӯза гардонем, шакли ҷадвали зеринро мегирад: ниг. саҳ. 241.
Ҳар як даври оҳанг аз панҷ қатор катакчаҳо иборат аст. Дар катакчаҳои қатори якум баландии овозҳои оҳанг (дар пардаҳои уд) бо ҳарфҳо, дар катакчаҳои қатори дуюм нисбатҳои нотавӣ бо нуқтаҳо ифода гардидаанд. Дар катакчаҳои се қатори минбаъда дигаргуниҳои тоникаи оҳанг, ҳолати навохтани оханг дар торхои уд ва тацсимв ваа- ну оханги шеър дода шудааст. Ив
усул имкон медиҳад, ки шӯъбаи «Муҳайяри Ҳусайнӣ»-ро (дар мусиқии асри 13 маълум буд) бо нотаи имрӯза ифода намоем:
Як қатор нишонаҳои ин усули Нота дар «Ҷадвали танбур», ки нимаи дуюми асри 19 аз тарафи Комили Ҳоразмӣ ихтироъ гардида буд, дида мешавад. Ғайр аз ин, дар Шарқ шакли дигари ифодаи овозҳои мусиқи — адвор маъмул буд, ки дар он шаклҳои махсуси зарб, усулҳои доира, зиннаҳои парда ё мақомҳо бо ҳарфҳо ифода мегардиданд. Дар асрҳои 17—18 аккордҳоро бо ёрии рақам дар боло ё зери нотаҳои овози бас ё худ генерал бас менавиштанд. Дар ибтидои асри 20 баси рақамнок барои омӯзиши гармония истифода мешавад. Усули Нотаи ҳозира натиҷаи ҷустуӯйҳои чандинасра буда, сарфи назар аз як қатор норасоиҳояш аз тарафи аҳли мусиқии тамоми олам қабул шудааст. Нотаҳо дар панҷ раҳи нотавӣ (дар поён, байн ва болои раҳҳо) навишта мешаванд. Аломатҳои нотавӣ аз рӯи дарозӣ ва кӯтоҳиашон номҳои зерин доранд:
- — нотаи пурра
J — нотаи нпмпурра
J — нотаи чоряк
j> — нотаи хаштяк
/ — нотаи шонздахяк
J — нотаи сиюдуяк
Баландии овозро бо мифтоҳ ифода мекунанд. Нотаҳо ҳафтто буда, дар мифтоҳи ғижжак бо усули зерин ҷой гирифтаан:
Усули ҳозираи Нота дар сабти мусиқии бои халқ, офаридани асарҳои гуногунжанри мусиқӣ ва умуман тарғиби санъати мусиқӣ мавқеи калон
дорад. Инчунин усули махсуси Нота барои нобиноён мавҷуд аст, ки соли 1839 мусиқишинос ва педагоги франсавӣ Л. Брайл ихтироъ кардааст.
Ад.: Нюрнберг М., Нотная гпа*и. на, Л., 1953; Абдурахман ЛЩми Трактат о музыке, перевод А. Н. Болдырева, ред. и комментарии В. М. Беляева Ташкент, I960.