Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носируддини Маҳнаӣ

Носируддини Маҳнаӣ

Носируддини Маҳнаӣ Абунаср (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва мутафаккири асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Маҳна. Би­но ба гуфтаи Озар, ӯ аз авлоди Абӯсаиди маҳнаӣ ва падараш Хоҷа Мӯъид аз шайхони бузурги Хуросон будааст. Худи Носируддини Маҳнаӣ шайхи машҳури Хуросон гардида, қурбони фитнаи мазҳабии шиаву суннӣ шудааст. Ӯ аз шоирони мутасаввифи замонаш буда, дар шеър гоҳе «Носирӣ» ва гоҳе «Хоҷа Абунаср» тахаллус мекардааст. Намунаи ашъораш дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …