Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Норвегия

Норвегия

Норвегия (ба забони давлатиашон “Norge”), Шоҳигарии Норвегия (Kongeriket Norge). Давлат дар Аврупои шимолӣ, дар ғайрб ва шимоли нимҷазираи Скандинавия воқеъ аст. Онро аз Шимол баҳри Баренс, аз Ғарб баҳрҳои Норвегия ва Шимол, аз Ҷанубӣ гул. Скагеррак иҳота кардаанд. Норвегия асосан бо Шветсия, дар Шимоли Ақсо бо Финляндия ва Руссия ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 385 ҳазаш км2. Аҳолиии Норвегия 5,3 млн. нафар (2017с.).

Норвегия
Норвегия

Пойтахти Норвегия шаҳри “Осло” мебошад. Аз ҷиҳати маъмурӣ Норвегия ба фюлке (вилоятҳо) тақсим шудааст. Галаҷазира Шписберген ва ҷазираи Медвежий (дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ) ва ҷазираи Ян-Майен (дар қисми шимоли уқёнус Атлантик) ва ҷазира Буве (дар қисми ҷануби уқёнуси Атлантик) ба Норвегия тааллуқ доранд.

Сохти давлатӣ. Норвегия— давлати шоҳии конститусионӣ. Конститусияи ҳозирааш 17 май 1814 қабул шудааст. Сардори давлат — шоҳ. Ҳокимиятп қонунбарор—парламент-спотилг, ки онро аҳолӣ ба мӯҳлати 4 сол интихоб мекунад. Аҳолӣ аз синни 20-солагӣ ҳуқуқи интихоботӣ пайдо меку­над. Ҳокимияти иҷроия ба ҳукумат, ки сардори он сарвазир мебошад, тааллуқ дорад. Системаи судӣ: судҳои инстансияи якум ва дуюм, Суди Олӣ; судяҳоро шоҳ таъин мекунад.

Табиат. Норвегия— мамлакати кӯҳсор. Тақрибан аз 3 ду қисми территорияи он аз сатҳи баҳр дар баландии 500 м воқеъ гардидааст; пастхамиҳо дар соҳили баҳр ҷой гирифтаанд. Соҳили ғарбиро фордҳо буридаанд. Дар назди соҳилҳо ба миқдори зиёд ҷазираҳои калон (Лофотен, Вестеролен, Сеня, Магерё, Сёрё ва ғайра) ва ҷазираҳои хурд воқеанд. Қисми калони территорияи мамлакатро кӯҳҳои Скандинавия (нуқтаи баландтаринаш 2469 м) ишғол кардааст. Сарватҳои зеризаминӣ: маъдани оҳан, никел, мис, молибден, кобалт, нуқра ва ғ. Аз қаъри обҳои назди соҳили б. Шимолӣ с. 1970 кони нефт ва газ ёфт шуд.

НОРВЕГИЯ ДАР ХАРИТА

Иқлимаш мӯътадил, дар Шимоли Ақсо субарктикӣ, дар ноҳияҳои назди соҳил уқёнусӣ. Ҳарорати миёнаи январ —2, —4°С, дар ҷануб 2° С. Тобистонаш салқин, зуд-зуд борон меборад. Боришоти со­лона 1000—3000 мм. Тақрибан 5000 км2 территорияро яхи доимӣ пӯшондааст. Дарёҳои калон: Гломма, Логен (Гудбрансдал), Логен (Нумедал). Кӯли калонтарин—кӯли Меса. 24%-и территорияи мамлакатро беша фаро гирифтааст. Хокаш асосан камқуввати бешагӣ, дар Ҷануби хоки хокистарранги кӯҳӣ дучор меояд. Олами ҳайвонот: рӯбоҳ, силовсин, шоҳгавазн, санҷоб, қоқум, гавазни шимолӣ, хонгул, оҳу; дар со­ҳили баҳр паррандаи бисёр (моҳихӯрак, мурғобӣ, қоз ва ғайра) ҳаст. Баҳрҳое, ки  Норвегияро иҳота кардаанд, аз моҳӣ бойанд; дар обҳои назди соҳил тюлен зиндагӣ мекунад.

Аҳолӣ. 98% норвегҳо. Ба ғайр аз он саамҳо, квенҳо, шведҳо, даниягиҳо, немисҳо ва дигар халкҳо низ зиндагй мекунанд. Забони расмӣ — норвегӣ. Дини расмӣ — лютеранӣ.

Очерки таърихӣ. Инсон дар территорияи ҳозираи Норвегия ҳанӯз дар асрҳои баъди давраи яхбандӣ маскан карда суд. Аҳолӣ, ки дар байни он сохти авлодӣ ҳукмрон буд, қад-қади соҳил шрифта бо шикор, сайди моҳӣ, дар Шимол бо шикори тюлен машғул буд. Дар давраи неолит иқлим мулоимтар шуд, қасабаҳои аҳолинишин бисёртар, аҳоли бошад бо чорводорӣ ва зироат машғул гардид. Дар миёнаи ҳазораи 1 то мелод нимҷазираи Скандинавия қабилазҳои германӣ ва дар асри 4 мелод қабилаҳои нави германӣ маскан гирифтанд, Асрҳои 8—11 давраи гузариш аз ҷамъияти ғайрисинфӣ ба ҷамъияти синфӣ буд. Асрҳои 9—10 дар территорияи Норвегия қабилаҳо аз ҷиҳати сиёсӣ муттаҳид гардиданд, дар ин давра ҳокимияти шоҳ ва калисо пурзур гардид. Асри 13 просесси муттаҳидшавии қабилаҳои Норвегия ба охир расид. Солҳои 1262—1264 Норвегия Исландияро тасарруф кард.

Норвегия дар байни давлатҳои Скандинавия аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле қафомонда буд, бинобар он ҳам хоҷагии натуралӣ дар ин ҷо муддати дароз ҳукмрон шуд, шаҳрҳо тараққӣ намекарданд. Соли 1319 Норвегия бо Швесия, 1380 бо Дания муттаҳид гардид, 1397 байни се шоҳии Скан­динавия шартномаи Калмар ба имзо расид, ки мувофиқи он Норвегия тобеи Дания шуда монд. Дар асри 16 дар шароити болоравии умумии иқтисодиси Европаи Ғарбӣ ва Шимолӣ пешрафти иқтисодиёти Норвегия низ мушоҳида карда шуд. Робитаҳои тиҷоратии он бо Гермаиияи Шимолӣ, Нидерландия, Англия ва Шотландия вусъат ёфт. Норвегия ба хориҷа равған, моҳӣ ва чӯбу тахта экспорт мекунад. Аввалин корхонаҳои саноати маъдан (истеҳсоли мис, оҳан, нуқра) пайдо шуданд, киштиронӣ вусъат ёфт ва аввалин сехҳои ҳунармандӣ ба вуҷуд омаданд. Дар баробари вусъат ёфтани муносибатҳои молите нули ба табақаҳо ҷудошавии деҳқонон авҷ гирифт. Табақаи ашрофон тадриҷан барҳам хурд.

Деҳқонони давлатдор аз ҷиҳати сиёсӣ қувваи пурзур шуданд. Дар нимаи дуюми асрҳои 17—18 дар шароити болоравии иқтисодӣ буржуазияи шаҳрӣ ташаккул ёфт, хоҷагии ҷангал, корхонаҳои кӯҳкорӣ, киштисозӣ, баҳрнавардӣ ба ихтиёри тоҷирони сармоядор гузашт. Охири асри 18 — ибтидои асри 19 мануфактура ва капитали калони тиҷоратӣ вусъат ёфт. Солҳои 1750—1807 иқтидори флоти Норвегия ду маротиба афзуд, шумораи киштиҳо аз 600 то 1514 расид. Ба миқдори зиёд ба хориҷа фурӯхтани моҳӣ, чӯбу тахта ва оҳан (асосан ба Британияи Кабир) на танҳо шаҳриён, инчунин деҳқонони мулкдорро низ бой мегардонд. Дар натиҷаи ҷанги солҳои 1807—1814 Англияю Дания ва хушксолии мудҳиш аҳволи Норвегия ниҳоят вазнин шуд. Даҳҳо ҳазор одамон аз гуруснагӣ нобуд шуданд. Дар асоси Шартномаи осоиштаи Кил (1814), ки байни Дания ва Шветсия баста шуд, Норвегия ба мулки Шветсия табдил ёфт. Халқи Норвегия ба ғазаб омада баҳри истиқлолият ва конститусия ба муборизаи револютсионӣ бархост. 17 май 1814 Маҷлиси муассисон конститу­сия қабул карда, шоҳ интихоб намуд.

Тазъиқи давлатҳои бузург (иттифоқчиёни Шветсия) ва чанд шикасти Норвегия дар ҷанг бо шведҳо (тобистони 1814) ба истиқлоли Норвегия хеле халал расонд. 4 ноябяри 1814 стортинг шоҳи Шветсияро шоҳи Норвегия ҳам эълон кард. Воқеаҳои соли 1814 як навъ револютсия буржу­азие буданд, ки ба охир расонда нашуд. Аз соли 1814 то 1905 Шветсияю Норвегия муттаҳид буданд. Соли 1815 шартҳои иттифоқи Шветсяю Норве­гия бо қонуни махсус мустаҳкам карда шуданд. Норвегия истиқлолияти дохилӣ ба даст оварда бошад ҳам, иттифоқчии доимии ҳарбии Шветсия гардид ва дар сиёсати берунӣ соҳибихтиёр набуд. Дар асри 19 саноати бофандагӣ, селлюлозаю коғаз, консерви моҳӣ тараққӣ кард. Иқтидори флоти тиҷоратии он 5 маротиба афзуд. Миёнаи асри 19 дар Норвегия капитализм пойдор гардид. Пешрафти сотсиалию иқтисодӣ ба тезутунд шудани муборизаи синфӣ оварда расонд. Дар зери таъсири револютсияҳои 1848 дар Европа дар Норвегия солҳои 1848—1851 аввалин харакати оммавии демократии коргарони хоҷагии қишлоқ ва камбағалон cap шуд. Пролетаршавии аҳолӣ суръат гирифт.

Иттифоқҳои касаба ва партияҳои сиёсӣ ташкил шуданд. 7 июни 1905 стортинг иттифоқи Шветсияю Норвегияро бекор кард. Россия аввалин шуда истиқлолияти Норвегияро эътироф кард ва бо он (1905) муносибатҳои дипломати муқаррар кард. Дар даҳсолаи якуми баъди ба даст даровардани истиқлолияти саноати Норвегия хеле тараққӣ кард. Калонтарин дар Европа ГЭС-ҳо сохта шуданд. Револютсияи 1905—1907 дар Россия ба болоравии харакати коргарӣ дар Норвегия сабаб шуд. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳукумати Норвегия сиёсати бетарафиро пеш гирифт. Дар ин давра саноат боз ҳам тараққӣ кард, соҳибони корхонаҳо бойтар шуданд. Револютсияи Кабири Сотсиалисти Октябр ба Норвегия таъсири калон расонд. Дар нимаи аввали соли 1918 дар Норвегия бисёр советҳои коргарони маҳаллӣ ташкил шуданд. Соли 1923 Партияи Коммунистии Норвегия таъсис ёфт.

Сентябри 1921 ҳукумати Норвегия Россияи Советиро ба расмият шинохта, феврали 1924 бо СССР муноси­батҳои диломатӣ барқарор кард. Бехтарин фарзандони халқи Норвегия ба мардуми аз гуруснагӣ азияткашиндаи Поволжия («фонди Ф. Нансен») ёрӣ карданд. Дар давраи бухрони иқтисодии ҷаҳонии 1929—1933 Норвегия ниҳоят суст шуд. Баъди бартараф гардидани бухрони иқтисодиёт Норвегия боз рӯ ба тараққӣ ниҳод, дараҷаи зиндагонии халқ баланд, шуд; флоти тиҷоратии Норвегия дар дунё ба яке аз ҷойҳои аввал, аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи электр бошад (ба ҳар як cap аҳолӣ), ба ҷои якум баромад. Сафи пролетариат меафзуд.

Бо cap шудани Ҷанги дуюми ҷаҳон Норвегия бетарафии худро эълон кард. 9 апрели 1940 қушунҳои Германияи фа­шисти ба Норвегия ҳуҷум карданд. Баъди ҷанги ду моҳа Германия Норвегияро пурра истило кард. Барои аз душман озод намудани мамлакат ҳаракати умумихалқӣ авҷ гирифт. Ба муборизаи яроқноки халқ Партияи Коммунистӣ сарварӣ намуд. Дар муборизаи халқи Норвегия бисёр аскарони советии аз конслагерҳои фашистӣ гурехтагӣ низ иштирок намуданд. Октябри 1944 қу­шунҳои советӣ ба Норвегияи Шимолӣ даромаданд. 8 май 1945 қушунҳои дар Норвегия будаи фашистон таслим шу­данд. Дар давраи баъди ҷанг зиддиятҳои иҷтимоӣ тезу тунд шуданд, болоравии ҳаракати муташаккилонаи коргарӣ ва муборизаи оммаи меҳнаткашон барои хуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ пурзӯр шуд. Сафи иттифоқҳои касаба босуръат меафзуд, иттифоқҳои касаба қувваи бонуфузи ҷамъиятию сиёсӣ мегардиданд.

Мавқеи Партияи коргарии Норвегия мустаҳкам, обрую эътибори он дар ҳаракати коргарӣ баланд шуд. Вале соли 1947 Норвегия ба Плани Маршалл ва апрели 1949 ба блоки НАТО, марти 1960 ба Ассотсиатсияи европоии савдои озод ҳамроҳ шуд. Аз солҳои 50 ин ҷониб байни СССР ва Норвегия доир ба алоқаи ҳавоӣ, ҳамкории маданӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, киштиронӣ ва ғайра якчанд шартнома ба имзо расиданд. Январи 1972 Норвегия ба «Бозори умумӣ» дохил шуд. Аввали солҳои 70 дар Норвегия зиддиятҳои иҷтимоию синфӣ ниҳоят тезу тунд шуданд.

Партияҳои сиёсӣ, иттифоқҳои ка­саба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ.   Партияи коргарии Нор­вегия (таъсисаш 1887), сотсиал-демократӣ, партияи калонтарини мамлакат. Партияи Хейре (таъсис­аш 1885), консервативӣ.  Манфиатҳои буржуазияҳои калонро ифода мекунад. Партияи х а лқии христианӣ, (таъсисаш 1933), партияи буржуазӣ. Партияи Марказ (таъ­сисаш 1920), манфиатҳои буржуазияи деҳотро ифода мекунад. Пар­тияи Венстре (таъсисаш 1884), манфиатҳои буржуазияи миёна ва хурд, инчунин як қисми хизматчиён ва зиёиёнро ифода мекунад. П а р тияи Коммунистии Норве­гия (ПКН) (таъсисаш 1923). И т тиҳоди марказии иттифоқҳои касабаи Норвегия (таъсиюаш 1899). Партияи про­гресс, (таъсисаш 1973), Партияи рости гузаро. Ҷамъияти «Норвегия — СССР».

Хоҷагӣ. Норвегия— мамлакати аз ҷихати саноат тараққикардаи капиталистӣ. Дар маҳсулоти умумии миллӣ саҳми саноат ва эпергетика (11%, 1980) аз саҳми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 5 маротиба (6%) зиёдтар аст; дар иқтисодиёти мамлакат киштиронии баҳрӣ ва моҳигирӣ мавқеи калон доранд. Дар иқтисодиёти Норвегия экспорт ва импорт низ аҳамияти калон доранд. Солҳои 60 соҳаҳои нави саноат ба вуҷуд омаданд. Дар иқтисодиёти он капитали хориҷӣ мавқеи калон дорад. Дар натиҷаи те­зу тунд шудани зиддиятҳои иҷтимоӣ харакати корпартоӣ сол аз сол зуртар мешавад.

Солҳои 70 нарху наво 6—8% баланд шуд. Соҳаҳои асосии саноат: электрометаллургия, электро­химия, селлюлозаю коғаз ва саноати истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ. Дар саноатн маъдан истихроҷи маъдани оҳан, титан, пирит, мис, рӯҳ ангиштсанг ва ғайра аҳамияти калон до­рад. Нефт ва газ низ истеҳсол ме­шавад. Энергетикаи мамлакат хеле хуб тараққӣ кардааст. Зиёда аз 99%-и қувваи электрро ГЭС-ҳо истеҳсол мекунанд; аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи электр ба 1 нафар аҳолӣ (соли 1980 1984 млрд квт-соат энергия истеҳсол шуда буд). Норвегия дар ҷаҳони капиталис­тӣ ҷои 1-умро мегирад. Металлургияи сиёҳ ба гудозиши электрочӯян, электропӯлод ва феррохӯлаҳо махсус гардонида шудааст. Норвегия аз ҷиҳати истеҳсоли алюминий дар Европаи Ғарбӣ дар ҷои 1-ум ва дар ҷаҳони капиталистӣ дар ҷои 4-ум (баъд аз ШМА, Япония, Канада) меистад.

Ба ғайр аз он рӯҳи электролитӣ, ни­кел, мис, магний низ истеҳсол мешавад. Соҳаҳои асосии саноати мошинсозӣ ва коркарди металл: киштисозӣ, электротехника ва радиоэлек­троника. Норвегия аз ҷиҳати киштисозӣ дар ҷаҳони капиталистӣ дар ҷои 7-ум меистад. Саноати электрохимия асосан бо истеҳсоли нуриҳои нитрогенӣ ва карбиди калсий машғул аст. Сано­ати коркарди чӯб, селлюлозаю коғаз ва саноати сабук хеле тараққӣ кардаанд. Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ ва равғану панир ва ғайра мавқеи бағоят калон дорад.

Хоҷагии қишлоқ. Норвегия мамлакати кӯҳсор мебошад, бинобар ин ҳамагӣ 2,6 % -и  территорияи он киштбоб аст. Майдони алафу марғзор бошад, 0,4%-ро ташкил медиҳад. Норвегия асосан чорвои гӯшту ширдеҳ парвариш мекунад. Аз зироати ғалладона асосан сулӣ, ҷав, аз зироати техники картошка кишт карда мешавад. Соли 1981 мамлакат (ба ҳисоби ҳазор cap) 966_гов, аз он ҷумла 378 модагов, 1920 гӯсфанд, 708 хук, 6,3 млн парранда дошт. Норвегия Соли 1980 қариб 2,6 млн. т. моҳӣ гирифта буд.

Нақлиёт. Аз 3/2 ҳиссаи боркашонии дохилӣ ва аз 10 9 ҳиссаи бори экспортшаванда ба нақлиёти баҳрӣ рост меояд. Бандарҳои асосӣ:Осло, Берген, Ставангер, Нарвик. Тӯли роҳи оҳан—4,3 ҳазор км; роҳи автомобилгард— 78,1 ҳазор км (1977). Аэропортҳои асосӣ: Форнебу (Осло), Сула (Ставан­гер) ва Будё.

Савдои беруна. Норвегия ба хориҷа маҳсулоти саноати электрометаллургия, электрохимия, селлюлозаю коғаз ва ғайра бароварда аз хориҷа мошин, сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳи газвор, хӯрокворӣ мехарад. Шарикони асосии савдояш: Британияи Кабир, Шветсия, Финляндия, РФГ. Воҳиди пул — крона.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1972 ба 1000 нафар аҳолӣ таваллуд 16,6, фавт 10, фавти кӯдакони навзод 12,7 нафар рост омад. Сабабҳои асосии фавт: касалиҳои дил, саратон, варами шуш, сил, касалиҳои ҷимоӣ ва ғайра. Соли 1970 дар мамлакдат 335 касалхонаи дорои 42,4 ҳазор кат (ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ 10,1 кат) буд. Соли 1971—5,7 ҳазор духтур (1 духтур ба 431 нафар аҳолӣ), 3,3 ҳазор духтури дандон, 1,3 ҳазор фар­масевт ва қариб 14 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат расонд. 2 факултети тиббии университетҳо кадрҳои тиббӣ тайёр мекунад. Дар мамлакат курорту сапаторияҳо ҳастанд.

Маориф. Дар Норвегия аввалин мактабҳо дар асри 12 дар Осло, Берген, Тронхейм кушода шуда буданд. Мувофиқи қонуни соли 1848 таълими кӯдакон аз синни 7 то 13—14-солагӣ ҳатмӣ буд. Системаи ҳозираи маорифи Норвегия аз муассисаҳои томактабӣ cap мешавад. Таълими ҳатмии ибтидоӣ аз мактаби 8-сола ва мактаби 1-солаи иловагӣ иборат аст; Мактаби миёнаи маълумоти умумӣ — гимназияи 4—5-сола. Соли таҳсили 1971—1972 дар мактабҳои ҳатмии маълумоти умумӣ 571,6 ҳазор, дар мактабҳои миёна қа­риб 73 ҳазор, дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ва дар мактабҳои миёнаи махсус 67 ҳазор хонанда таҳсил кард.

Норвегия 4 университет дорад: Университети Осло (таъсисаш 1811), Берген (1948), Тронхейм (1968) ва Тромсё (1972). Соли таҳсили 1972— 1973 дар мактабҳои олӣ зиёда аз 34 ҳазор студент таҳсил мекард. Китобхонаҳои калон: китобхонаи университетҳо, китобхонаи шаҳрии Осло. Музейҳо: Музеи халқии Норвегия (таъсисаш 1894), Музеи университети ёдгориҳои замонҳои гузашта (1828), Нигористони миллӣ (1837), Музеи санъати амалӣ (1876), Музеи Мунк (1963), Музеи Вигеланн (1947), Музеи зоология (1820), музейҳое, ки дар онҳо киштиҳои викингҳои Норвегия, киштии Р. Амундсен ва Ф. Нансен «Фрам» ва амади Т. Хейердал «Кон-Тики» (дар Осло) маҳфузанд.

Илм ва муассисаҳои илмӣ. Мавқеи хуби географии Норвегия ба тараққикардани киштисозӣ ва баҳрнавардӣ мусоидат намуд. Баҳрнавардони Норвегия ҳанӯз дар охири асриҳои 8 ба саёҳатҳои дарозмуддати баҳрӣ баромада охирҳои асри 9 Исландия, асри 10 Гренландия ва Аме­рикаи Шимолиро кашф карданд. Ба Дания ҳамроҳ карда шудани Норвегия (1380) тараққиёти онро ба муддати дароз боздошт. Танҳо асрҳои 17—18 ба туфайли дар Норвегия пайдо шудани муносибатҳои капиталистӣ ва беҳтар гардидани алоқаи он бо дигар давлатҳо барои инкишофи илм шароити хуб фароҳам омад. Ибтидои асри 17 Й. Мунк ба сӯи Қутби Шимолӣ чанд сафари тадқиқотӣ кард.

Соли 1811 дар Кристиания (Осло) университет таъсис ёфт, ки он дар тараққии илмҳои табиатшиносӣ мавқеи муҳим дошт. Бо оғози авҷи инкишофи саноат (солҳои 40 асри 19) дар соҳаи табиатшиносӣ, олами наботот, олами ҳайвоноти баҳр, геоло­гия, математика, химия ва дигар соҳаҳо тадқиқот бурда шуд. Соҳаҳои на­ви илм: механикаи квантӣ, физикаи ядро, радиохимия, тситология ва ге­нетика ба вуҷуд омаданд. Тадқиқотҳое, ки дар соҳаи геология, гео­физика, метеорология гузаронида шуданд, дар олам машҳур гардиданд. Дар тадқиқи Арктика ва Ан­тарктика саёҳатҳои олимони Норвегия, хусусан саёҳатҳои Ф. Нансен, О. Сверд­руп, Р. Амундсен мавқеи бағоят ка­лон дошт. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939—1945) дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ ва ҷангал, чорводорӣ, шикори моҳӣ, металлургия, электротехника, электрохимия, киштисозӣ, саноати селлюлозаю коғаз тадқиқоти илмӣ гузаронида шуданд.

Ғояҳои марксизм аз охири солҳои 80 асри 19 дар Норвегия паҳн шуда бо ташкил ёфтани Партияи Коммунистии Норве­гия (1923) пурзур шуданд.

Матбуот, радио ва телевизион. Соли 1974 дар Норвегия 158 номгӯй газета нашр мешуд, ки 81 номгӯй он газетаи ҳаррӯза мебошад. Газетаи калонтарин «Афтенпостен» («Aftenposten») аз соли 1860, органи партияи Хейре; «Дагбладет» («Dagbladet») аз 1869, органи партияи Венстре; « Арбейдербладет» («Arbeiderbladet») аз 1884, органи марказии Партияи коргарии Норве­гия; «Фрихетен» («Friheten») то 1940 «Арбейдерен» ном дошт) аз 1923; ор­гани марказии Партияи Коммунистии Норвегия. Агентии ахборотӣ — бюрои телеграфи Норвегия, таъсисаш 1867. Зиёда аз 70 радиостансия до­рад. Телевизион аз 1960 кор мекунад.

Адабиёт. Намунаҳои адабиёти қадим, ки то рӯзҳои мо боқӣ мондааст (достони «Хаёл дар хоб» ва муқоламаи дидактикии «Миръоти шоҳ») дар давраи феодализм (асри 13) эҷод шудаанд. Асрҳои 14—15 жанри қисса ба вуҷуд омад. Дар давраи тобеи Да­ния будани Норвегия адабиёти он тараққӣ накард. Забони даниягӣ муддати да­роз забони адабии Норвегия гардид. Адаби­ёти Норвегия дар асри 18 баробари авҷ гирифтани рӯҳияи миллию ватанпарварӣ инкишоф ёфт. Охири асри 18 — ибтидои асри 19 дар адабиёт драматургия ва лирика мавқеи мустаҳкам пайдо кард. Солҳои 40 ҳаракати адабии романтикаи мил­лӣ ба вуҷуд омад. Намояндагони ро­мантизм ба эҷодиёти даҳанакии халқ рӯй оварда, афсонаҳои халқиро нашр намуданд. Дар нимаи дуюми солҳои 50 дар адабиёт нишонаҳои реализм пайдо шуд.

Дар асари сеҷилдаи драмавии Бёрисон «Сигурди Бадхашм» дар романи Якобине Камилла Кол­летт «Духтарони амтманн» унсурҳои реализм дида мешаванд. Миёнаи солҳои 70 — аввали солҳои 90 дар адабиёт реализми танқидӣ ҳукмрон гардид. Дар песаҳои Бёрнсон «Муҳаррир» ва «Муфлисӣ», дар романҳои Ю. Ли ҳаёти ҳамон давра инъикос ёфтааст; дар песаҳои Ибсен зиддиятҳои дохилии ҳаёти буржуазӣ нишон дода шуда аст. Дар аввали асри 20 зери таъсири воқеаҳои сиёсӣ ва муборизаи синфӣ мавқеи реализм мустаҳкамтар гардид. Я. Кристенсен, К. Элстер, Р. Ельсен роҷеъ ба заволи маданияти буржуазӣ асарҳо офариданд. Е. Тведт, П. Эгге, Бойер, Г. Скотт, С. Морен ва дигарон ҳаёти мардуми оддиро тасвир намуданд. Воқеаҳои Ҷанги якуми ҷаҳон, гғлабаи Револютсияи Кабири Сотсиялисти Октябр дар Россия ва сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар СССР дар адабиёти Норвегия инъикос ёфтаанд.

Буҳрони иқтисодии ҷаҳонии 1929— 33, торафт қувват гирифтани харака­ти коргарӣ, хавфи фашизм бисёр адибони Норвегияро ба мавқеи марксизм овард. Солҳои 1936—1937 сарвари қувваҳои пешқадам журнали «Velenfrom» ба шумор мерафт, ки шоир, драматург, насрнавис Н. Григ ношири он буд. Дар эҷодиёти Р. Нилсен, А. Поше Осей мавзӯъҳои револютсионӣ инъи­кос ёфтанд. Дар давраи аз тарафи

қушунҳои фашистони есмис истило шудани Норвегия аксари нависандагон дар муборизаи зиддифашистӣ иштирок кардаид. Як қатор нависандагон ба ҳабс гирифта шуданд, баъзеҳо муҳоҷират карданд. Аксарияти асарҳои баъди ҷанг эҷодшуда ба мавзӯи ҳаракати муқобилат бахшида шудаанд. Иттифоқи нависандагони Норвегия соли 1893 таъсис шудааст.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Боз ёфтҳои қадими территорияи Норвегия ба давраҳои неолит ва биринҷӣ мансубанд. Дар миёнаҳои ҳазораи 1 мелод кашидани сурати ҳайвонот расм шуда буд. Аз охири асри 8-ибтидои асри 9 санъати асримиёнагии Норвегия ташаккул ёфт. Калисоҳои чӯбини Урнес ва Боргунн, ки дар асри 11 сохта шуданд, яке аз беҳтарин намунаҳои санъати меъмории асрҳои миё­наи Норвегия ба шумор мераванд. Сохтмони биноҳои хиштин аз асрҳои 12—14 cap шуд. Асрҳои 13—14 дар санъати тасвирӣ услуби готика ривоҷ ёфт.

Аз даст додани истиқлолият, аз ҷиҳати иқтисодӣ суст шудани мамлакат тараққиёти санъати тасвирии Норвегияро дар охори асрҳои 14—16 боздошт. Дар асри 18 услуби барокко ва рококо мавқеи сиёсӣ пайдо карданд. Охири асри 18-ибтидои асри 19 услуби класситсизм пайдо шуд. Аввалин рассоми барҷастаи миллии асри 19 Ю. К. К. Даль (яке аз ташаббускорони таъсиси Нигористони миллӣ дар Осло, Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои давраҳои қадим) мебошад, ки чандин манзараҳои пурэҳсоси қаҳрамонона офаридааст. Аз миёнаи асри 19 мавзӯи ҳаёти халқ (А, Тидеманн. X. Гуде, Ф. Коллетт) мақоми махсус пайдо мекунад.

Охири асри 19 дар натиҷаи индустриякунонии мамла­кат, тезу тунд шудани зиддиятҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам гардидани худшиносии миллии халқи Норвегия намояндагони пешқадами санъати меъморӣ ва тасвирӣ ба инъикоси ҳаёти он камар бастанд. Дар нимаи якуми асри 20 дар санъати тасвирӣ санъати монументалии ороиш мавқеи калон пайдо кард. Дар нимаи дуюми асри 20 дар санъати тасвирӣ ҷараёнҳои аб­страксионизм ва модерн пайдо шу­данд. Дар асарҳои як қатор рассомон ва графикҳо анъанаҳои реалистонаи демократӣ идома дорад. Санъ­ати амалӣ (мисгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, турбофӣ ва ғайра) аз қадимулайём дар байни деҳқонон маъмул аст.

Мусиқӣ. Мусиқӣ дар Норвегия аз замонҳои қадим пайдо шудааст. Асбобҳои қадимаи мусиқии: баккехорн, приллар, триллехорн, селе. Норвегия бо скрипканавозони моҳири худ К. Луросен, Н. Рекве машҳур буд; анъанаи онҳоро дар асри 19 Т. Аудунсен давом додааст. Солҳои 1850—1960 X. Херулф, V. Булл ва дигарон асосгузорони макта­би мусиқии миллии Норвегия буданд. Фаъолияти онхо барои гулгулшукуфии эҷодиёти Э. Григ заминаи хуб тайёр кард. Асосгузори мусиқии муосири Н. Ф. У. Вален ба эҷодиёти бисёр

бастакорони Скандинавия таъсир расонидааст. Достонҳои симфонии X. Северуд (симфонияи 7-уми ӯ ба ғалабаи СССР бар истилогарони фашистӣ бахшида шудааст) сазовори диққат аст. Дар Норвегия 8 Иттиҳоди мусиқи, ИБ Норвегия, Комитет доир ба масъалаҳои мусиқӣ, 2 консерватория (Осло, Берген) ва ғайра ҳаст. Аз соли 1953 ин ҷониб ҳар сол моҳи май фести­вали мусиқии миллӣ баргузор мегардад.

Балет. Дар аввали асри 19 ба спектаклҳои драмавӣ интермедияҳои рақсӣ дохил карда шуданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ташкил намудани балети миллӣ аввалин саъю кӯшиш карда шуд. Балетмейстер Г. Колос соли 1945 балети Синдинг «Қиссаи ҷасорат»-ро ба саҳна гузошт; баъд дастаи сайёри балети Норвегияро ташкил кард. Соли 1959 баъди ташкил шудани операи Норвегия дастаи балет ба ҳайати он дохил шуд. Солҳои 60—70 «Шикорчиёни афсонавӣ»-и Партос, «Дафнис ва Хлоя»-и Равел ба саҳна гузошта шуданд, ки он аз комёбиҳои калони балети миллии Норвегия шаҳодат медиҳад.

Театр. Театри миллӣ фаъолияти худро аз намоишҳои хурде, ки дар онҳо урфу одатҳои динӣ ва маиши инъикос мегардиданд, cap кардааст. Дар миёнаҳои асри 18 дар Кристиания (Осло) ва Берген аввалин дастаҳои ҳаваскорони санъати театрӣ ба ву­ҷуд омаданд. Соли 1780 дар Кристиания театри доимӣ ташкил ёфт. Соли 1850 дар Берген Театри Норвегия, соли 1899 дар Осло Театри миллӣ кушода шуд. Дар ин театр асарҳои Ибсен, Бёрнсон, У. Шекспир, Ф. Шиллер, Ю. А. Стрипберг, Б. Шоу ва дигарон ба саҳна гузош­та шуданд. Охири асри 19 ибтидои асри 20 дар Кристиания, Берген, Тронхейм, Ста­вангер театрҳои нав кушода шуданд. Солҳои 20—30 беҳтарин коллективҳои театри драмаҳои зиддибуржуазии X. Крог, асарҳои нависандаи коммунист Норвегия Григро ба саҳна гузоштанд. Бори якум театри Норвегия асарҳои драматургҳои советиро (М. Горкий ва дигарон) намоиш дод.

Истилои фашистон ин­кишофи санъати прогрессивии театриро боздошт. Дар давоми Ҷанги ду­юми ҷаҳон бисёр артистон ба хориҷа ҳиҷрат карданд. Баъди озод шуда­ни мамлакат театр тез инкишоф меёбад. Театрҳои Норвегия асарҳои А. П. Чехов, И. С. Тургенев ва дигаронро ба саҳна мегузоранд. Дар Осло Мактаби театрии давлатӣ (таъсисаш 1953) ҳаст, ки он актёр ва режиссёр тайёр ме­кунад.

Кино. Истеҳсоли филмҳо дар Норвегия соли 1908 cap шуд. Солҳои 30 доир ба масъалаҳои тезу тунди иҷтимои ва ахлоқӣ филмҳо офарида шуданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида ба Ҳаракати Муқобилат, мубориза бар зидди истилогарон «Мо зинда мондан мехоҳем» (1946, режиссёр У. Далгар), «Гурезаҳо» (1946, режиссёр Т. Саннё), «Нӯҳ ҳаёт» (1957), «Иҳота» (I960, режиссёр А. Скоуэп) ба­рин филмҳо ба навор гирифта шуданд. Соли 1968 кинематографистони Норвегия дар офариниши филми якҷояи советӣ — Норвегии «Ҳамагӣ як ҳаёт» (режиссёр С. Г. Микаэлян), ки ба ҳа­ёт ва фаъолияти Ф. Нансен бахшида шудааст, иштирок карданд. Дар мам­лакат кинои ҳуҷҷатӣ илмию оммавӣ ва мультипликатсионӣ тараққӣ кар­дааст.

Ад.: Ерамо в Р. А., Норвегия, М., 1950; Коше нтаевс кий В. С., Нор­вегия. Экономика и внешняя торговля, М., 1957; О’Делл Э., Скандинавия, М., 1962; История зарубежной литературы после Октябрьской революции, ч. I, 1917 —45„ М., 1969; Искусство Норвегии, «Всеобщал история искусств»». М., 1960— 65; История западноевропейского театра, т. 5, М., 1970; К а н А. С., История скан­динавских стран (Дания, Норвегия, Швеция), М., 497.1.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …