Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Номии Исфаҳонӣ

Номии Исфаҳонӣ

Номии Исфаҳонӣ Мирзо Муҳаммадсодиқи Мусавӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1790), шоир ва таърихнависи асри 18 эронӣ. Анҷоди Номии Исфаҳонӣ аз Шероз буда, дар замони ҳукмронии Сафавиён ба Исфаҳон омадаанд. Номии Исфаҳонӣ мувофиқи маълумо­ти тазкираҳо дар ҷавонӣ «машқи иншо карда, дар назму наср вуқуфе ҳосил» менамояд. Дар Шероз ба хидмати дарбори Каримхони Занд (1750 —1979) омада, ба таълифи асаре доир ба таърихи давлати Зандия бо номи «Таърихи гетикушо» шурӯъ меку­над, вале ин асарро ба итмом нарасондааст.

Аз Номии Исфаҳонӣ девони ашъор, панҷ маснавии дар тақлиди «Хамса» навишташуда, ду «Соқинома» ва ҳамон «Таърихи гетикушо» мерос мондаанд. «Хамса»-и Номии Исфаҳонӣ ё «Номаи Номӣ» аз панҷ достон — «Хисраву Ширин», «Маҷнуну Лайлӣ», «Дурҷи гуҳар», «Вомиқу Узро», «Юсуфу Зулайхо» иборат аст. «Соқинома»-ҳояш дар охири «Дурҷи гуҳар» ва «Вомиқу Узро» омадаанд. Дастнависи маснавиёти Номии Исфаҳонӣ дар китобхонаҳои СССР ва мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб маҳфузанд. «Таърихи гетикушо»-ро соли 1938 Саид Нафисӣ дар Теҳрон ба табъ расондааст.

Ад.: Асадуллоев С., «Лайли и Меджнун» в фарсиязычной литературе (Биобиблиографический обаор). Д., 1981.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …