Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нилуфар

Нилуфар

Нилуфар, 1) нилупал, ним­фея (Nymphaea), ҷинси растаниҳои обии бисёрсолаест аз нилуфариҳо.

Баргаш калон (диаметраш то 40 сантиметр), дилшакл, думчааш дароз, гулаш калон (диа- метраш то 20 сантиметр), сергулбарги рангоранг, мевааш мудаввари сертухм. Дар дунё 40 намуди Нилуфар мерӯяд. Дар СССР 3 намудаш месабзад; Н.илуфари сафед (N. alba), Нилуфари сапсафед (N. Candida) ва Нилуфари чорқирра (N. tetragona). Дар кӯл, ҳавз ва дарёҳои сустҷараён бисёр аст. Решапояи навраси Нилуфарро зирбонда ё ҷӯшонда мехӯранд. Ҳамаи намудҳои Нилуфар гулҳои маъмуланд. Дар гулҳавзи боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои PСC Тоҷикистон низ якчанд намуди онро бо муваффақият парвариш ме­кунанд; 2) номи дигари ошиқони печон.

Адабиёт: Турдиев С. Ю., Нимфейные и биологические основы их культуры, дар маҷмӯаи: Интродукция растений и зелёное строительство, Алма-Ата, 1961.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …