Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Никотин

Никотин

Никотин (франсавӣ nicotine, аз номи дипломати франсавӣ Ж. Нико (J. Nicot), ки соли 1560 аввалии маротиба тамокуро ба Франсия овардааст, алкалоид, 1-метил-2- (3-пиридил) -пирролидин, C|0Hi4N2. Моеъи беранг, бӯи махсус дорад, t ҷушиш 247° Селсия, дар ҳаво ранги ҷигарӣ мегирад; дар об ва ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад; хосияти асосӣ дорад. Никотин дар намуди намакҳои кислотаи асетат, лиму ва себ асосан дар тамоку (дар барги Nico- tina labacum то 2%’, N. rustica то 8%) ва баъзе растаниҳои дигар дучор мешавад. Ҳангоми тамокукашӣ Никотин сублимасия шуда бо якҷоягии дуд ба роҳҳои нафас дохил мегардад ва ба девораҳои он ҷаббида шуда ба низоми асаб таъсир мерасонад.

Во­яи ками Никотин таъсири барангезанда ва воли зиёдаш таъсири афсурдакун (фалаҷи системап асаб, боздории нафас, қатъгардии фаъолияти дил) дорад. Никотин яке аа алкалоиддои задр- ноктарил буда, якчанд қатраи он (100—200 мг, яъне миқдори Никотине, ки дар 200 грам тамоку мавҷуд аст) одамро мекушад. Вале ба вояи ками Никотин ор­ганизми одами тамокукаш одат кар­да бо мурури вақт зарддолуд мегар­дад. Ҳангоми зардолудшавии шадид оби дадон бисёр рафта, дил беду зур мешавад ва одам қай мекупад; баъэан амали узвхои сомеа, бо cicpa ва крон мешавад. Никотинро аэ ка­дим дар таҷрибахои фармакологй ва фиэиологй пстифода мебаранд. Дар саноат аз Никотин никотилат хосил мекунанд.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …