Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзӣ Мавлоно Муҳаммад

Ниёзӣ Мавлоно Муҳаммад

Ниёзӣ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 эронӣ. Дар шаҳри Язд таҳсили илм намуда, ҳамон ҷо ба камол расида аст. Шахси донишманду фозили давраи худ ба шумор меравад. Дар тазкираҳо Ниёзӣ ҳамчун ғазалсарои моҳире ёд мешавад. Ашъори ӯ пурмаъниву рангин ва бо тахайюлоти дурпарвоз эҷод шудааст. Дар манбаъҳои адабӣ бештар ашъори ошиқонаи Ниёзӣ ба назар мерасад.

Ин абёт намунае аз эҷоди Ниёзӣ аст:

Хостам бахфи фароғат зи ҷаҳон маъвое,

Беҳтар аз гӯшаи майхона надидам ҷое.

Ё раб, он манзилатам бахш, ки аз ҳусни қабул

Бар мани беҳунар афтад назари доное.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …