Нидо (ар. — бонг, фарьёд, овоз, хитоб), яке аз ҳиссаҳои нутқ аст, ки ҳаяҷон ва ҳиссиёти гуногун ва ҳаяҷон иродаро ифода мекунад. Масалан: Эй! Вой! Ҳой! Офарин! ва ғайра Нидо аз ҳиссаҳои мустақилмаънои путқ бо он фарқ мекунад, ки вазифаи номинативӣ надорад, танҳо аломату ишораи нутқ буда, барои ифодаи таассуроти одам нисбат ба ҳодисаву воқеоти муҳити атроф ва ё барои ифодаи талаб, нияту хоҳиш, амру фармон хизмат мекунад; дар вазифаи асосиаш аъзои ҷумла шуда наметавонад ва аз ҷиҳати синтаксисӣ бо аъзоҳои ҷумла алоқаи грамматики надорад.
Нидо аз калимаҳои ёридиҳанда бо он фарқ мекунад, ки муносибати байни калимаҳои ҷумларо ифода наменамояд ва ҳамчун воситаи алоқаи байни онҳо хизмат намекунад. Нидоҳо аз рӯи маъно эмотсионалӣ (ифодакунандаи ҳиссиёту ҳаяҷон) ва императивӣ (ифодакунандаи изҳори ирода), аз рӯи сохт аслӣ ва муштақ мешаванд. Нидоҳои аслӣ аз як ё ду-се овоз иборатанд, шакли такрор доранд: э, а, о, эҳ, оҳ, вой, бай-бай, паҳ-паҳ ва ғайра Нидоҳои муштақ аз ҳиссаҳои мустақили нутқ ба вуҷуд меоянд: Афсус! Диққат! Хомӯш! Калимаҳои даъватӣ ба ҳайвонот, паррандагон (ай, чу, бош, киш, ту-ту ва ғайра) низ ба гурӯҳи Нидоҳо дохил мешаванд.
Ад.: Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфологил, К. 1, Д., 1973.