Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нейтрино

Нейтрино

Нейтрино (итал. neutrino — нейтронча, аэ ncutrone — нейтрон), зарраи элементарии аз ҷиҳати электрӣ хунсо, ки массаи сукунаташ хеле хурд (соли 1980 массаи Нейтриноро гурӯҳи физикҳои советӣ таҳти роҳбарии  В. А. Любимов муайян карданд, ки он аз массаи электрон 20 ҳазор маротиба хурд будааст), моменти магнитиаш баробари сифр, спинаш баробари 1/2 (дар воҳидҳои h =hП, ин ҷо h— собитаи Планк) мебошад. Ду навъи Нейтрино мавҷуд аст: Нейтринаи электронӣ (\е) ва Нейтринаи мюонӣ (ум). Антизарраи Нейтрино антинейтрино номида мешавад. Ҳар як намуди Нейтрино ба худ мувофиқ антизарра  — антинейт­ринои электронӣ ва vm— антинейт­ринои мюонй дорад. Нейтрино ва антинейт­ринои электронӣ дар як вақт мувофиқан бо тавлиди позитрон ва элек­трон, Нейтрино ва антинейтринои мюонӣ бошанд, мувофиқан бо тавлиди мюонҳои  ва    — тавлид мешаванд. Нейтриноҳо на дар таъсири мутақобили зӯр (ядроӣ) ва на дар таъсири му- тақобили электромагнитӣ иштирок мекунанд ва қобилияти тадохулаигон азим аст (дарозии дави озоди Нейтринои энергияаш 1 МэВ дар сурб тақрибан 1018 сантиметр).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …