Маълумоти охирин
Главная / Илм / Несмеянов Александр Николае­вич

Несмеянов Александр Николае­вич

Несмеянов Александр Николае­вич (таваллудаш 09. 09. 1899, Москва), химикорганики советӣ, акад. АФ СССР (1943; аъзо-корр. 1939), ходими ҷамъиятӣ. Ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1979). Аъзои КПСС аз соли 1944. Несмеянов баъди хатми Университети Москва (1922) то соли 1951 (солҳои 1948—1951 ректор) дар ҳамон ҷо кор кард ва дар як вақт корманди Институти нуриҳо ва инсектофунгитсидҳо (1930—1934), Институти химияи органикӣ (аз 1934; солҳои 1939—1954 директор), акадкотиби шӯъбаи илмҳои химия (1946— 1951) буд. Солҳои 1951—1961 президенти АФ СССР, аз 1954 директори Институти пайвастҳои органикии элементҳо, аз 1963 акад.-котиби шӯъбаи илмҳои химияи умумӣ ва органикӣ.

Дар айни замон аъзои президиуми АФ СССР мебошад. Солҳои 1947- 1961 раиси Комитети Мукофотҳои ленинӣ ва давлатӣ оид ба илм ва техника. Дар кори Советӣ Умумиҷаҳонии Сулҳ Комитети Советии муҳофизати Сулҳ фаъолона иштирок дорад. Несмеянов оид ба химияи пайвастҳои органикии ме­таллҳо бештар аз 1,5 ҳазор мақолаю асарҳои илмӣ эҷод кардааст. Несмеянов роҳҳои гуногуни ба якдигар табдил ёфтани пайвастҳои органикии металлҳоро омӯхта, усулҳои содда ва қу­лаи аз пайвастҳои органикии симоб синтез намудани пайвастҳои органикии Mg, Zn, Cd, Al, Tl, Sn, Pb, Sb, Bi-po пешниҳод намуд.

Аз соли 1952 дар соҳаи ҳосилаҳои ферротсен ва дигар пайвастҳои «сандвичи»-и металлҳои гузаранда тадқиқот мебарад. Бо ташаббус ва таҳрири Несмеянов (ҳамроҳи К. А. Кочешков) оид ба усулҳои синтези пайвастҳои органикии металлҳо як қатор асарҳои ил­мӣ нашр гардиданд. Несмеянов аъзои 18 ака­демия ва муассисаҳои илмии хориҷӣ, вакили съездҳои 19 ва 20-уми КПСС, депутати Советӣ олии СССР (даъватҳои 3—5), Лауреата Мукофо­ти. давлатии СССР (1943) ва Муко­фоти ленинӣ (1966) мебошад.

Бо 7 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени Револютсияи Октябр ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Избр. тр. т. 1—4, М., 1959; Хи­мия ферроцена, М., 1969; Элементоорга­ническая химия, М., 1970; Начало орга­нической химия, ки. 1—2, М., 1974; Ме­тоды элементоорганнческой химии. Ко­бальт, никель, платиновые металлы. М., 1978.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …