Неш, узви нӯгтези модинаи пардаболҳо аз асрқатори Aculeata. Неш дар интиҳои шикам воқеъ аст. Ҳангоми оромӣ он дар охири шикам дар ғилофаки махсус ҷойгир буда, дар вақти таҳдиди хатар ё ҳамлаорӣ ба сайд аз ғилофак берун меояд ва ба бадани душман ё сайд мехалад. Дар ин маврид ба воситаи сӯрохи Неш аз ғадуди заҳрдоре, ки дар шиками ҳашарот ҳаст ба ҷои халида моеи заҳрнок мерезад. Баъзан хартумчаи пашшаро низ Неш меноманд.